ТАНОСУХ (арабӣ — нақл, гузаштани як чиз ба чизи дигар), таълимоти динию фалсафист дар бораи интиқоли нафс аз як тан (мурда) ба тани дигар (набот, ҳайвон, инсон). Агар аъмоли нафс некӯ бошад, вай гӯё баъди марг ба тани шарифтар ва агар рафтори ӯ некӯ набошад, ба тани вазеътар аз пешин …
Муфассал »ПРЕФОРМИЗМ
ПРЕФОРМИЗМ (аз лотинӣ praeformo — пешакӣ ташаккул менамоям), таълимотест, ки дар ҳуҷайраҳои ҷинсии организмҳо мавҷуд будани структураи моддиро меомӯзад. Структураҳои моддӣ дар дохили ҳуҷайраҳои ҷинсӣ инкишофи ҷанин ва аломати организмӣ дар он инкишофёбандаро пешакӣ муайян месозанд. Таълимоти преформатсия, ки мувофиқи он организми инкишофёфта гӯё дар тухм ё сперматозоид пешакӣ ташаккул …
Муфассал »ПРАГМАТИЗМ
ПРАГМАТИЗМ (аз юнонӣ pragma — амалиёт, фаъолият), таълимоти субъективию идеалистии фалсафӣ, ки солҳои 70 асри 19 дар ШМА пайдо шуда, махсусан солҳои пеш аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар муҳити маънавии мамлакат нуфузи калон пайдо кардааст. Прагматизм ҳамаи фалсафаи пешинаро ба муҷаррадӣ, муроқибавӣ ва аз ҳаёт дур будан гунаҳкор карда, программаи …
Муфассал »ПЛУТОНИЗМ
ПЛУТОНИЗМ (аз юн. Рluton—Плутон, худои олами зеризаминӣ), таълимоти геологии охири асри 18—аввали асри 19 оид ба роли ҳалкунандаи қувваҳои дохилӣ дар таърихи геологии Замин, ки боиси вулқонизм, заминҷунбӣ ва ҳаракатҳои тектоникӣ мегардад. Ин таълимот дар «Назарияи Замин» ном асари геологи шотландӣ Ҷ. Геттон нисбатан пурра тасвир ёфтааст. Таълимоти Плутонизм муқобили …
Муфассал »ЭСХАТОЛОГИЯ
ЭСХАТОЛОГИЯ (аз юн. eschatos— охирин, интиҳо ва …логия), таълимоти диниест роҷеъ ба қисмату сарнавишти инсону кайҳон. Э. инфиродӣ (вазъи руҳи фарди алоҳида дар охират) ва умумиҷаҳонӣ (ба охир расидани кайҳон ва итмоми таърих) мешавад. Э.-и инфиродӣ қисми таркибии Э.-и умумиҷаҳонист, зеро баробари фаро расидани қиёмат ҳашру таслиби мурдагони порсо шуруъ …
Муфассал »ЭПИКУРЕИЗМ
ЭПИКУРЕИЗМ, таълимотест, ки дар заминаи ақидаҳои Эпикур ба вуҷуд омадааст. Э. ҳамчун мактаби фалсафӣ аввал дар Афина — «Боғ»-и Эпикур пайдо шуда, минбаъд ғояхояшро дар Рим Лукреций идома додааст. Дар таълимоти бисьёр мутафаккирони давраи эҳё ва намояндагони гуногуни равияҳои материалистию маорифпарварии а-ҳои 17—18 Э. инкишоф ёфт. Э. ҳамчун таълимоти ахлоқӣ …
Муфассал »СОЦИАЛИЗМИ ХАЁЛӢ
СОЦИАЛИЗМИ ХАЁЛӢ, таълимотест дар боби ҷамъияти идеалие, ки моликияти муштарак, меҳнати ҳатмӣ ва тақсимоти маҳсули меҳнатро аз рӯи адолат пояҳои таълимоти худ медонад. Аввалин назарияҳои Сотсиализми хаёлӣ дар асрҳои 16—17 дар пайвастагии ғоявӣ бо гуманизми асрҳои 15—16 ба вуҷуд омаданд. Вай озод кардани оммаи халқро қатъӣ талаб мекард. Аввалии ақидаҳои …
Муфассал »