Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРЕФОРМИЗМ

ПРЕФОРМИЗМ

preformizm

ПРЕФОРМИЗМ (аз лотинӣ praeformo — пешакӣ ташаккул менамоям), таълимотест, ки дар ҳуҷайраҳои ҷинсии организмҳо мавҷуд будани струк­тураи моддиро меомӯзад. Структураҳои моддӣ дар дохили ҳуҷайраҳои ҷинсӣ инкишофи ҷанин ва аломати организмӣ дар он инкишофёбандаро пешакӣ муайян месозанд. Таълимоти преформатсия, ки мувофиқи он организми инкишофёфта гӯё дар тухм ё сперматозоид пеша­кӣ ташаккул дошт, асоси пайдоиши таълимоти Преформизм гардид. Таълимоти преформатсия дар асрҳои 17—18 хело маъмул буд. Назарияи ҳозираи инкишофи органикӣ дар баробари преформатсияи структураҳо омилҳои эпигенетикии инкишофро низ ба ҳисоб мегирад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …