Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПЛУТОНИЗМ

ПЛУТОНИЗМ

ПЛУТОНИЗМ (аз юн. Рluton—Плутон, худои олами зеризаминӣ), таълимоти геологии охири асри 18—аввали асри 19 оид ба роли ҳалкунандаи қувваҳои дохилӣ дар таърихи геологии Замин, ки боиси вулқонизм, заминҷунбӣ ва ҳаракатҳои тектоникӣ мегардад. Ин таълимот дар «Назарияи Замин» ном асари геологи шотландӣ Ҷ. Геттон нисбатан пурра тасвир ёфтааст. Таълимоти Плутонизм муқобили нептунизм буд. Дар асри 19 пайдоиши вулқонии базалтҳо исбот гардид ва роли энергияи дохилии Замин дар просессҳои вулқонию заминҷунбӣ аниқ карда шуд. Ин ба нептупизм зарбаи қатъӣ зад. Ақидаҳои илмии вулқонистҳо ва плутонистҳо аз якдигар хеле фарқ дошт. Аммо ҳарду тараф дар таърихи Замин аҳамияти калон доштани қувваҳои дохилиро эътироф мекардапд, ки чунин ақида онҳоро ба ҳам муттаҳид менамуд. Ин хулоса то имрӯз аҳамияти худро гум накардааст.

plutonism

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …