Маълумоти охирин
Главная / Теги: тазкира

Теги: тазкира

«САФИНАИ ХУШГӮ»

«САФИНАИ ХУШГӮ» тазкираест, ки шоир ва насрнависи форсизабони Ҳиндустон Биндробан Доси Хушгӯ солҳои 1724—1734 таълиф кардааст. Шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 1418 нафар шоир: форсизабони давраҳои мутақаддим ва муосири муаллифро дар бар мегирад. Шоирон мувофиқи таърихли таваллуд ё вафот зикр шудаанд. «Сафинаи Xушгӯ» аз се дафтар иборат аст: дафтари аввал …

Муфассал »

«РИЁЗ-УШ-ШУАРО»

«РИЁЗ-УШ-ШУАРО» тазкираест, ки Алиқулихони Волеҳи Доғистони соли 1748 таълиф кардааст. Дар бораи 2594 шоири мутақаддим ва ҳамасри муаллиф маълумот медиҳад. Аз муқадддима, 28 равза (мутобиқи 28 ҳарфи алифбои арабиасоси тоҷикӣ) ва хотима (шарҳи ҳоли муаллиф) иборат аст. Танҳо ҳарфи аввали ном ва тахаллуск шоирон ба инобат гирифта шудааст. Муаллиф аз …

Муфассал »

«ХИЗОНАИ ОМИРА»

«ХИЗОНАИ ОМИРА» тазкираест, ки Мир Ғуломалии Озоди Балгиромӣ соли 1757 таълиф кардааст. Шарҳи ҳоли шоирони форстоҷик (аз давраи Рӯдакӣ то замони зиндагии муаллиф)-ро дар бар мегирад, Тартиби тазкира алифбоист. Муаллиф зимни баёни тарҷумаи ҳоли шоирон аз «Лубоо-ул-албоб», «Тазкират-уш-шуаро »-и Давлатшоҳ, «Тӯҳфаи Сомӣ», «Ҳафт иқлим», «Мунтахаб-ут-таворих»-и Бадоунӣ, «Маҷмаъ-ул-фузало»-и Бақоӣ, «Тазкираи Насрободӣ», …

Муфассал »

«Тазкираи Харобот»

«ХАРОБОТ» «Тазкираи Ҳаробот», тазкираест, кп аз тарафи муаллифи номаълуме байни солҳои 1602—17 дар Ҳиндустон таълиф шуда, дар он 291 шоири асри 16 зикр ёфтааст. Муаллиф бо аксари онҳо мулоқот карда будааст. Аз тазкира оид ба тарзи зиндагӣ ва ашъори шоирони барои тазкиранависони дигар номаълум низ маълумот пайдо метавон кард. Шарҳи …

Муфассал »

«ХАРИТАИ ҶАВОҲИР»

«ХАРИТАИ ҶАВОҲИР» тазкираест, ки Мазҳари Ҷони Ҷонон таълиф кардааст (асри 17). Дар он аз эҷодиёти 490 шоир байтҳо, рубоиҳо, дубайтиҳо ва дигар навъҳои шеър намуна оварда шудаанд. «Xаритаи ҷавоҳир» барои омӯзиш ва барқарор кардани осори парокандаи баъзе шоирони давраҳои гуногуни адабиёти форс-тоҷик, адибони форснзабони Ҳиндустон аҳамияти калон дорад. «Xаритаи ҷавоҳир» …

Муфассал »

«ХАЙР-УЛ-БАЁН»

«ХАЙР-УЛ-БАЁН» тазкираест, ки Ҳодӣ соли 1610 таълиф карда, соли 1626 бори дуюм таҳриру такмил намудааст. Тазкираи умумиест иборат аз муқаддима, ду фасл, хотима ва хатми хотима. Тартиби тазкира алифбоист. Дар муқаддима баъди қисмати анъанавӣ роҷеъ ба таърихи салотини Сафавия сухан рафтааст. Фасли аввал зикри ақволу ашъори шоирони қадим, фасли дуввум …

Муфассал »

«ХАЗИНАТ-УШ-ШУАРО»

«ХАЗИНАТ-УШ-ШУАРО» тазкираест, ки онро соли 1849 шоир ва донишманди форсизабони Ҳиндустон Сайидалии Кабир маъруф ба Муҳаммад Миранҷони Аҷмалии Оллоҳободӣ (таваллуд 1797) таълиф кардааст. «Xазинат-уш-шуаро» шарҳи ҳолимухтасар ва намунаи ашъори 190 нафар шоири форсизабони Ҳиндустонро, ки дар асри 18 ва нимаи аввали асри 19 зиндагй ва эҷод кардаанд, дар бар мегирад. …

Муфассал »

«ХАЗИНАИ ГАНҶИ ИЛОҲӢ»

«ХАЗИНАИ ГАНҶИ ИЛОҲӢ» тазкираест, ки Мир Имомуддин Муҳаммади Ҳусайнӣ тақрибан бай ни солҳои 1639—34 таълиф кардааст. Зикри қариб 460 шоирро дар бар мегирад. Адибон ба тартиби алифбо, аз рӯи ҳарфи аввали исм ё тахаллусашон ҷой дода шудаанд. Бо Амирмуҳаммади Ибни Ямин шурӯъ шуда, бо Ҳумоюн (яке аз подшоҳони сулолаи темуриёни …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УТ-ТАВОРИХИ ХОНӢ»

«ТӮҲФАТ-УТ-ТАВОРИХИ ХОНӢ» Муаллиф мувофиқи анъанаи тазкиранависӣ аввал тахаллус, баъд сифатҳои шахсӣ, номи падар, ҷои талаллуд ва гоҳо авлоди шоиронро зикр карда, дар бораи давраи зиндагӣ, ҳунари шоирону олимон ва хусусияти эҷодиёти онҳо маълумот медиҳад. Дар «Тӯҳфат-ут-таворихи хонӣ» ҳамагӣ 3160 мисраъ шеър гирд оварда шудааст. «Тӯҳфат-ут-таворихи хонӣ» анъанаи тазкирапависиро аз пав …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УЛ-АҲБОБ ФӢ ТАЗКИРАТ-ИЛ-АСҲОБ»

«ТӮҲФАТ-УЛ-АҲБОБ ФӢ ТАЗКИРАТ-ИЛ-АСҲОБ» тазкираи Возеҳ. Шарҳи ҳоли 145 шоиру адибро дарбар мегирад. Мирзо Салимбеки Салимӣ дар чопи сангии он (1914) 87 шоири дигарро илова намуд. «Тӯҳфат-ул-албоб фӣ тазкират-ил-асҳоб» муқаддима, қисмати асосӣ ва хотима дорад. Ба «Тӯҳфат-ул-албоб фӣ тазкират-ил-асҳоб» асосан шоирону олимони Бухоро ва қисман Самарқанд, Ӯротеппа, Хуҷанд, Ҳисор, Қаротегин, Каттақӯрғон, …

Муфассал »