РЕНТАИ МУТЛАҚ, як шакли капиталистии рентаи заминро гӯянд, ки онро монополияи моликияти хусусии замин ба вуҷуд меоварад. Рентаи мутлақ арзишест, ки аз нархи ҷамъиятии истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ зиёдтар ба даст оварда шудааст.
Муфассал »РЕНТАИ ЗАМИН
РЕНТАИ ЗАМИН, дар формасияҳои синфию антагонистӣ як қисми маҳсулоти баразёдест, ки дар натиҷаи меҳнати бевоситаи истеҳсолкунандагои ба вуҷуд меояд ва аз тарафи соҳибони замин аз худ карда мешавад. Ба феодализм 3 шакли Рентаи замин хос аст: 1) рентаи коркард; 2) рентаи маҳсулот; 3) рентаи пулӣ. Рентаи замини капиталистӣ арзиши изофаи …
Муфассал »РЕНТА
РЕНТА (немисӣ Кеп1е, франсавӣ геп1е, аз лотинӣ геа8На — баргардонидашуда, гардонида додан), як навъ даромадро номанд, ки аз капитал, замин ва молу мулк мунтазам гирифта мешавад ва он ба фаъолияти истеҳсолӣ вобастагӣ надорад. Заминдорон рентаи замин мегиранд, ки он дар навбати худ дар шакли рентаи мутлақ, рентаи дифференсиалӣ ва рентаи …
Муфассал »