Маълумоти охирин
Главная / Теги: Растанӣ (страница 9)

Теги: Растанӣ

Перидерма

periderma

Перидерма (аз пери… ва юн. derma— пӯст), бофтаи рӯйпӯши поя, реша, решапоя ва бехи растаниҳои бисёрсола (баъзан яксола)-ро гӯянд. Перидерма аз пӯк (феллема), феллодерма (бофтаи дохилӣ) ва феллоген иборат аст. Дар узвҳои растаниҳо одатан якчанд Перидерма ҳосил мешавад. Ҳар як Перидермаи нав нисбат ба Перидермаи аввала дарунтар ҷой мегирад. Перидерма …

Муфассал »

Пахтак

paxtak

Пахтак, бодиринги гург (Astragalus sieversianus), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи лубиёиҳо. Баландиаш то 150 сантиметр, пояаш дарунхолӣ, бо пашмаки зич пӯшида шудааст. Баргаш мураккаб (дарозиаш 15—30 сантиметр), аз 8—20 ҷуфт баргча иборат аст; баргчааш дарозрӯяи эллипсӣ (дарозиаш 2,5 сантиметр). Хӯшагулаш 3—5-гула, гудбаргаш зардча (даро­зиаш 3,5—4 сантиметр), ғилофакаш мудаввари каме дарозрӯя (дарозиаш …

Муфассал »

Пахтагул

paxtagul

Пахтагул гулхайрии ҳиндӣ, кетмия (Hibiscus syriacus), бутта ё дарахти хурдест аз оилаи тугмачагулҳо. Баргаш З-парра (дарозиаш 5—10 сантиметр, бараш 3—6 сантиметр), гулаш калони зангулашакл (диаметраш то 8—10 сантиметр), сафед, гулобӣ, сурх, кабуд, бунафш ва ғайра, ғӯзааш байзашакл (дарозиаш 2,3 сантиметр), тухмаш гурдашакл (вазни 1000-тоаш 13—15 грамм). Пахтагули худрӯй дар Ҳиндустон, …

Муфассал »

Пахта

paxta

Пахта, ғ ӯз a (Gossypium), ҷинси  гиёҳҳои бисёрсола, бутта ва дарахтест аз оилаи тугмачагулҳо; аз қадимтарин ва муҳимтарин растани­ҳои нахдор ва техникист. Дар шароити киштукор растании яксола аст. Дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикии Осиё, Африка, Америка ва Австралия 35 намуди Пахта месабзад. Пахтан навъи 108-Ф. Чун зироати нахдор фақат навъҳои …

Муфассал »

Пахол

paxol

Пахол, пояи донаш кӯфта гирифташудаи зироати хӯшадор (арзан, қӯноқ, шолӣ), лӯбиёиҳо ва ғайра. Пахоли зироати ғалладонаро асосан ба сифати хӯроки чорво истифода мебаранад. Таркиби химиявӣ ва серғизоии Пахол ба намуди растанӣ, обу ҳаво, шароити чаьмъоварӣ, хирманкӯбӣ, нигоҳдорӣ ва дигар омилҳо вобаста аст. Пахол 35—45% клетчатка ва дигар ангиштобҳои мураккаби бадҳазм, …

Муфассал »

Паттаарча

Паттаарча, паттабурс (Juniperiis sibii ica), буттаи сӯзанбарги ҳамеша сабзест аз оилаи сарвиҳо. Дар кӯҳҳои Тоҷикистон Паттаарча асосан дар баландии 2500—3700 метр аз сатҳи баҳр месабзад. Дар баъзе мавзеъҳои Помиру Олой («масалан, дар Ванҷ ва дар қисми шарқи қаторкӯҳи Петри 1) паттаарчазорҳои анбӯҳ ҳастанд. Нигаред низ Арча.

Муфассал »

Парпигиҳо

parpigiho

Парпигиҳо (Gentianuceae), оилаи растаниҳои дупалла. Ба Парпигиҳо асо­сан гиёҳҳои як ё бисёрсола, нимбутта. бутта ва баъзан дарахтони хурд тааллуқ доранд. Барги бедандона, гули калони дӯҷинса, хӯшагули симозӣ, ғӯзаи сертухм ва баъзан ғучуммева доранд. Дар дунё, алалхусус дар ноҳияҳои мӯътадил ва субтроникию кӯҳӣ зиёда аз 100 намуду қариб 70 ҷинси Парпигиҳо …

Муфассал »

Пайванд

payvand

Пайванд, трансплантасия, навда (қаламча) ё муғҷа (чашмак)-и як растанӣ (пайванддӯст)-ро ба ди­гараш (пайвандтак) пайвастан. Пайванд яке аз муҳимтарин усулҳои афзояши нашвии растанӣ (нигаред Афзоиш) буда, дар ҷангалзорӣ, току боғдорӣ, растанипарварӣ ва парвариши ниҳолу растаниҳои орошӣ васеъ истифода мешавад. Пайванд барои нигоҳ доштани хусусиятҳои навъии растаниҳои бисёрсола; иваз кардани пайвандтак, ки …

Муфассал »