Маълумоти охирин
Главная / Теги: Паразит

Теги: Паразит

ТЕЙЛЕРИЯҲО

theileria-blood-tw

ТЕЙЛЕРИЯҲО (Тheileria), як ҷинси соддатаринҳои паразитро гӯянд. Ба сшгфп Тheleridae мансуб аст. Тейлерияҳо дар ҳуҷайраҳои системаи ретикулию эпдотелӣ ва эритроцитҳои ҳайвонот паразитӣ мекунад. Намудҳои гуногуни тейлерияҳо бемории тейлерионро ба вуҷуд меоранд. (Масалан, дар бузу гӯсфанд). Ҳомил ва паҳнкунандаи тейлерияҳо канаи иксодист. Тейлерияҳо дар организмҳои ҳайвоноти гармхун солҳои дароз ва дар …

Муфассал »

ЭНДОПАРАЗИТҲО

parazitho

ЭНДОПАРАЗИТҲО паразитҳои дарунӣ, организмҳои паразитро гуянд, ки дар дохили узвҳои ҳайвоноту растанӣ ва ҳуҷайраҳои ҷудогонаи онҳо (паразитҳои дохилиҳуҷайравӣ) зиндагӣ мекунанд. Э. дар байни занбуруғҳо, бактерияҳо, инчунин аксар навъу синфҳои ҳайвонот (ба истинои хорпустҳо, китфпойҳо ва хордадорҳо) вомехуранд.

Муфассал »

ЭКТОПАРАЗИТҲО

ektoparazitho

ЭКТОПАРАЗИТҲО (аз юн. ektos — берун ва паразитҳо), паразитҳои берунӣ, паразитҳоеро гуянд, ки дар пусти бадани ҳайвоноту одам зиндагӣ мекунанд. Э. гуруҳи асосии организмҳои эктотрофианд. Баъзе Э. дар бадани соҳибашон беҳаракатанд ва баъзе дигарашон дар бадани ҳомилашон ҳаракат мекунанд. Э. ба тани ҷонварон часпида хуни онҳоро мемаканд.

Муфассал »

СПОРОВИКҲО

sporovik

СПОРОВИКҲО (Sporozoa), як синфи ҷонварони паразитро гуянд, ки ба соддатаринҳо мансубанд. Қариб 2000 намудашон маълум аст. Бо роҳи ҷинси ва ғайриҷинсн афзоиш мекунанд. Дар процесси инкишоф Споровикҳо марҳилаҳои зерини ҳаётро аз сар мегузаронанд: шизогония (афзоиши ғайриҷинсӣ, ки ҳангоми он ядрои фарди модарӣ ё шизогон босуръат ва паи ҳам тақсим мешавад), …

Муфассал »