САРКАШ (557—632), ҳофиз, машшоқ, бастакор ва шоири давраи Сосониён. Муаррихони эронӣ ӯро бо номи Ҷаҳрамӣ ёд кардаанд, муаррихони арман Саркашро Саргис ва муаррихони Юнон Саргиюс номидаанд. Бино ба маълумоти Саъолибӣ, Гардезӣ, Фирдавсӣ ӯ аслан аз Ҷаҳрам буда, то ба дарбори Хусрави Парвиз омадани Борбад роҳбарии санъаткорони дарборро ба ӯҳда доштааст. …
Муфассал »ТУЛАКИ НОЙИ САМАРҚАНДӢ
ТУЛАКИ НОЙИ САМАРҚАНДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), оҳангсоз, машшоқ ва ҳофизи асри 17 тоҷик. Дар маҳалли Мӯлиёни Самарқанд таваллуд шудаасг. Тулаки Нойи Самарқандӣ илмҳои бадеъ, фалсафа, ахлоқ ва риёзиётро омӯхта буд ва мусиқиро дӯст медошт. Вай найнавози моҳири замонаш буд. «Савти Ноӣ», «Амали Тулак», «Нақши Нои» таснифоти машҳури ӯст, …
Муфассал »СУЛТОНМУҲАММАДИ АЙШӢ
СУЛТОНМУҲАММАДИ АЙШӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, машшоқ, мусиқишинос ва оҳангсози форс-тоҷик (асри 15). Дар Ҳирот ба дунё омадааст. Султонмуҳаммади Айшӣ барои амӯзиши таркиботи илмию амалии мусиқӣ ба Усто Шодӣ, Ҳофизи Басир шогирд истода, дар саройядагию навозандагй маҳорати баланд пайдо кард. Вай махсусан дар сурудани таранаҳои ишқӣ шӯҳрат дошт. …
Муфассал »СУЛТОН АҲМАДИ ДЕВОНА
СУЛТОН АҲМАДИ ДЕВОНА машҳур ба Аҳмади Девонаи Ноӣ (соли таваллуд вавафот номаълум), машшоқ, ҳофиз ва оҳангсози тоҷик (асри 15). Дар Самарқанд, дар оилаи олим ба дунё амадааст. Ба сабаби лоуболӣ ва шӯхтабиатиаш ӯро аҳли дин «Девона» номидаанд. Султон Аҳмади Девона алалхусус дар найнавозӣ устод буда, дар ин соз ихтироот дорад …
Муфассал »СОЛЕҲИ СЕТОРӢ
СОЛЕҲИ СЕТОРӢ (Мавлоно) — (соли таваллуд ва вафот номаълум), машшоқ, бастакор ва ҳофизи охири асри 16—аввали асри 17 тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро. Санъати «мусиқиро аз падараш омӯхтазст. Сипас дар назди мусиқидони номӣ Ҳофиз Авази Навҷавони Бухороӣ санъати сарояндагию навозандагӣ, назарияи мусиқиро мукаммал омӯхта, дар навохтани созҳои сетор, қонун, танбӯр, рубоб ба …
Муфассал »