ПОЧТАМТ (немисӣ Postamt), корхонаи калони алоқа, ки ба адолӣ, муассисаю корхонаҳо, ба ҳама намудҳои алоқаи почта, телеграфу телефон хизмат мерасонад. Дар СССР Почтамт дар марказҳои республикавӣ, кишварию вилоятӣ ташкил карда мешавад. Почтамт маркази идораи почтаи шаҳр буда, дар баробари иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ, корҳои шӯъбаҳои тобеашро низ ташкилу роҳбарӣ менамояд.
Муфассал »ШАХТА
ШАХТА (Schacht), корхонаи саноати истихроҷи сарватҳои табиатро гуянд. Шахта маъданро ба истеъмолкунандагон ё ба фабрикаҳои маъдантозакунӣ мефиристад. Шахта иншооти рӯизаминӣ (копёрҳо, биноҳо, анборҳо ва ғ.) ва маҷмуи воситаҳои коркарди зеризаминии маъданро муттаҳид менамояд. Шахта корхонаи механиконида ва автоматонида мебошад, ки бо мошин ва механизмҳои босамари истеҳсол ва нақлу ҳамли маъдан, …
Муфассал »ЧОПХОНАҲОИ ТОРЕВОЛЮЦИОНИИ ОСИЁИ МИЁНА
ЧОПХОНАҲОИ ТОРЕВОЛЮЦИОНИИ ОСИЁИ МИЁНА, корхонаҳое, ки китоб мебароварданд. Дар оғози китобчопкунӣ, мас., дар а. 15 асарҳои олими бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ба забони арабӣ ва лотинӣ зиёда. аз 25 маротиба ба табъ расиданд. Китобҳо то нимаи дуюми а. 19 фақат дастӣ рӯйнавис мешуданд. Баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи …
Муфассал »