Маълумоти охирин
Главная / Теги: дарахт (страница 6)

Теги: дарахт

Дарахти ХОРБӮPC

xorburs

ХОРБЎPC, хорарча, балхарча (luniperus turcestanica), дарахти сўзанбарги ҳамешасабз аз оилаи сарвҳо. Баландиаш 10—18 м мешавад. Дар нишебиҳои қ-кқҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Қаротегин, Пётри I месабзад. Чуби Xорбўрс хушбўй буда, дар атторӣ истифода мешавад. Ниг. низ Арча.

Муфассал »

СОҶ

tectona_grandis

СОҶ, 1) тик, булути ҳиндӣ (Tectonagrandis), дарахтест аз оилаи мушкбедҳо; то 40—50 м қад мекашад. Баргаш калон (дарозиаш 30— 60 см), гулаш майда, хӯшагулаш туғшакл, мевааш «донакмонанд», чӯбаш сиёҳ. Дар бешазори паҳнбарги Осиё (аз Ҳиндустон то Индонезия) мерӯяд. Соҷро дар ноҳияҳои тропикии Осиё мепарваранд, Чӯбаш хеле хушсифат аст; то 200 …

Муфассал »

СОЛБАР

hosil

СОЛБАР, солдармиён ҳосилдиҳии дарахтони мевадор ва ҷангалиро гӯянд. Дарахтҳои мевадор одатан ҳар сол ҳосил медиҳанд, вале бо қадри пир шудан ҳосилнокии онҳо кам шуда, бештар сол дар миён бор меоранд. Дар сурати навдешидани тадбирҳои агротехникӣ дарахтони навниҳол ҳам камҳосил мешаванд. Растаниҳои меваашон донакдор ва ғуҷуммева одатан ҳар сол ҳосил медиҳанд.

Муфассал »

СИРИШК

СИРИШК, 1) номи дигари зирк; 2) дарахтест гулаш сурхтоб; онро озоддарахт ҳам мегуянд.

Муфассал »

МУШМУЛА

mushmula

МУШМУЛА, 1) Машмулаи м у қ а р р а р ӣ ё германӣ, азғул (Mes-pilus germanica), бутта ё дарахти хазонрезест аз оилаи настараниҳо. Баландиаш 1,5—6 метр. Буттаи худрӯи Мушмула серхор, навъҳои мазрӯи он бехоранд; барги нештар ё байзашакл, гули калони сафед (диаметраш 3—5сантиметр),меваи гирдаи донакшакл дорад. Мушмулаи худрӯй дар …

Муфассал »

МУРУДИ ХИРСАК

murudi-hirsak

МУРУДИ ХИРСАК, хирсакмуруд (Pyrus regelii), дарахтест аз оилаи настараниҳо. Баландиаш 1,5— 6 метр (диаметри танааш то 60 сантиметр), Муруди хирсак:      1 — шохчаи гул; 2 — мева. пӯстлохаш ашҳабӣ, сиёҳтоб, баргаш 3—9-ҳиссагӣ (дарозиву бараш 7—8 сантиметр), хӯшагулаш в—19-гула, гулаш сафеди 3— 10-гулбарга, мевааш (6 гула) мудаввар, хеле сахт, талху турш. …

Муфассал »

БОН

bon

БОН (Moringa olcifera), ҳуббулбон, як навъ дарахт. То 10 метр қад мекашад. Бон баргҳои нозуку хушбӯй дошта, аз донаҳои пистамонанди он равғани хушбӯй (35-40%) мегиранд. Ба ақидаи Абурайҳони Берунӣ агар Бонро ҷӯшонанд, бӯйи баланд пайдо мекардааст. Равғани Бон аз беҳтарин равғанҳои хушбӯй аст. «Анбари бобон» (анбари омехта бо Бон) яке …

Муфассал »