Маълумоти охирин
Главная / Теги: Ботаника (страница 15)

Теги: Ботаника

Печак

pechak

Печак 1) а ш а қ а, л а б л о б, к ӯ й печек (Соnvolvulus arvensis), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи печакиҳо. Пояаш пе­чанда буда, дарозиаш аз 20 см то 2 м аст. Баргаш думчадор, байзашакли эллипсӣ, сегушаи дарозрӯя ва аз тарафи думчааш пайконшакл; гулаш пайвастабарги дифшакл, гӯлобӣ, …

Муфассал »

Перидерма

periderma

Перидерма (аз пери… ва юн. derma— пӯст), бофтаи рӯйпӯши поя, реша, решапоя ва бехи растаниҳои бисёрсола (баъзан яксола)-ро гӯянд. Перидерма аз пӯк (феллема), феллодерма (бофтаи дохилӣ) ва феллоген иборат аст. Дар узвҳои растаниҳо одатан якчанд Перидерма ҳосил мешавад. Ҳар як Перидермаи нав нисбат ба Перидермаи аввала дарунтар ҷой мегирад. Перидерма …

Муфассал »

Периблема

periblema

Периблема (юн. рeriblema — рӯйпӯш, парда) дар ботаника, яке аз қабатҳои ҳуҷайраҳои меристемавии қисми махрутшакли нуқтаи сабзиши решаро гуянд. Аз П. хучай- рахои пустлохи аввалини реша ва баъзан ҳуҷайраҳои ғилофаки реша ва протодермаҳои ба ризодерма (пустлохи реша) табдилёбанда ҳосил мешаванд. Периблема дар қисми махрутшак­ли нуқтаи сабзиши навда нест.

Муфассал »

Пахтак

paxtak

Пахтак, бодиринги гург (Astragalus sieversianus), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи лубиёиҳо. Баландиаш то 150 сантиметр, пояаш дарунхолӣ, бо пашмаки зич пӯшида шудааст. Баргаш мураккаб (дарозиаш 15—30 сантиметр), аз 8—20 ҷуфт баргча иборат аст; баргчааш дарозрӯяи эллипсӣ (дарозиаш 2,5 сантиметр). Хӯшагулаш 3—5-гула, гудбаргаш зардча (даро­зиаш 3,5—4 сантиметр), ғилофакаш мудаввари каме дарозрӯя (дарозиаш …

Муфассал »

Пахтагул

paxtagul

Пахтагул гулхайрии ҳиндӣ, кетмия (Hibiscus syriacus), бутта ё дарахти хурдест аз оилаи тугмачагулҳо. Баргаш З-парра (дарозиаш 5—10 сантиметр, бараш 3—6 сантиметр), гулаш калони зангулашакл (диаметраш то 8—10 сантиметр), сафед, гулобӣ, сурх, кабуд, бунафш ва ғайра, ғӯзааш байзашакл (дарозиаш 2,3 сантиметр), тухмаш гурдашакл (вазни 1000-тоаш 13—15 грамм). Пахтагули худрӯй дар Ҳиндустон, …

Муфассал »

Пахта

paxta

Пахта, ғ ӯз a (Gossypium), ҷинси  гиёҳҳои бисёрсола, бутта ва дарахтест аз оилаи тугмачагулҳо; аз қадимтарин ва муҳимтарин растани­ҳои нахдор ва техникист. Дар шароити киштукор растании яксола аст. Дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикии Осиё, Африка, Америка ва Австралия 35 намуди Пахта месабзад. Пахтан навъи 108-Ф. Чун зироати нахдор фақат навъҳои …

Муфассал »

Пахол

paxol

Пахол, пояи донаш кӯфта гирифташудаи зироати хӯшадор (арзан, қӯноқ, шолӣ), лӯбиёиҳо ва ғайра. Пахоли зироати ғалладонаро асосан ба сифати хӯроки чорво истифода мебаранад. Таркиби химиявӣ ва серғизоии Пахол ба намуди растанӣ, обу ҳаво, шароити чаьмъоварӣ, хирманкӯбӣ, нигоҳдорӣ ва дигар омилҳо вобаста аст. Пахол 35—45% клетчатка ва дигар ангиштобҳои мураккаби бадҳазм, …

Муфассал »

Паттаарча

Паттаарча, паттабурс (Juniperiis sibii ica), буттаи сӯзанбарги ҳамеша сабзест аз оилаи сарвиҳо. Дар кӯҳҳои Тоҷикистон Паттаарча асосан дар баландии 2500—3700 метр аз сатҳи баҳр месабзад. Дар баъзе мавзеъҳои Помиру Олой («масалан, дар Ванҷ ва дар қисми шарқи қаторкӯҳи Петри 1) паттаарчазорҳои анбӯҳ ҳастанд. Нигаред низ Арча.

Муфассал »