Маълумоти охирин
Главная / Теги: Бозӣ

Теги: Бозӣ

РУСТШАВАКОН

rustshavakon

РУСТШАВАКОН, бозии серҳаракати бачагони гуногунсин. Дар ҳамаи мамлакатҳо, аз ҷумла республикаи мо, бо намудҳои мухталиф дучор мегардад. Рустшавакон дар ҷанубу шимоли республикаи мо бештар чунин шакл мегирад. Аз байни бачагон ду нафар ҷудо шуда, дуртар рафта ба ҳамдигар ном мегузоранд (масалан, ту «замин», ман «офтоб» ва ғайра). Баъд ба назди …

Муфассал »

ХОККЕЙ

hockey

ХОККЕЙ (англ, hockey – ба як ҳисоб аз франсавии қадим froguet- aeon кашакдори чӯпон), бозии тарафайни спортист, ки бо ҷавгону гӯй (шайба) дар майдони махсуси дарвозадор гузаронида мешавад. Бозии Xоккей асосан 4 навъ аст: дар рӯи ях, (бо шайба ва бо гӯй) дар рӯи алаф ва ринк —Xоккей (ҳангоми бозӣ …

Муфассал »

БОУЛИНГ

bouling

БОУЛИНГ (англисӣ bowling – бозӣ бо саққо ва кегелҳо), бозии варзишӣ – фароғатӣ. Мақсади бозӣ аз масофаи муайян бо ғелондани миқдори ками саққоҳо тавассути роҳчаи чубини девордор бештар зада афтондани чиллакҳои дар майдончаи охи­ри роҳча бо тартиби муайян гузошташуда мебошад. Саққоҳо аз маводди синтети­кӣ ва пахта сохта ме­шаванд. Дар саққоҳхо …

Муфассал »

БОЗӢ

bozi

БОЗӢ, яке аз намудҳои асосии фаъолияти ҷисмию зеҳнӣ, ки дар инкишофи ҳамаҷонибаи фардии бачаҳо муҳим аст. Дар Бозӣ талаби ба олами атроф таъсир расонда­ни кудак зоҳир гардида, сифатҳои фикрӣ, ахлоқӣ ва иродавиаш ташаккул меёбанд. Бозӣ дар кӯдак хамчун шақли баамалбарории фаъолият хидмат менамояд. Амалҳои Бозӣ дар кудакон дар натиҷаи тақлиди …

Муфассал »

БОЗИЧА

bozicha

БОЗИЧА, ашё барои бозии бачаҳо мисли лухтак, тӯб, камонак, мошинча, образҳои ҳайвонот ва парандаҳои аз чӯб ва лой сохташуда ва ғайра. Бозичаҳо дастӣ ва истеҳсолӣ мешаванд. Онҳоро аз чӯб, лой, охан, пластмасса ва ғайра месозанд. Аз рӯйи истифода Бозичаҳо сенсорӣ, образнок, истеҳсолӣ, техникӣ, ҷамъиятӣ-маишӣ ва ғайра мешаванд. Бозичахо ба тарбияи …

Муфассал »

БОЗИҲОИ ПАНҶУМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

gushting

БОЗИҲОИ ПАНҶУМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ, мусобиқаи варзишии байналмилалӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ. Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ аз 14 то 20 октябри 2003 дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор гардид. Ба  барномаи Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ чунин намудҳои варзиш дохил карда шуда буд: гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-румӣ, дзюдо, бокс, таэквандо (ВТФ), …

Муфассал »

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ

bozihoi-olimpi

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ, 1) ид ва мусобиқаҳои оммавӣ дар Юнони Қадим. Мувофики анъанаи таърихӣ аз соли 776 то милод ҳар 4 сол як бор дар шаҳрчаи Олимп (шимоли ғарбии Пелопоннеси вилояти Элида) баргузор мегардид. Ба ин муносибат дар ин ҷо варзишгоҳҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, гимнасия (машқгоҳ), ҳарамҳо ва ғайра сохта мешуданд. Дар …

Муфассал »

БОЗИҲОИ МИЛЛӢ ВА МАРДУМӢ

bozihoi-milli

БОЗИҲОИ МИЛЛӢ ВА МАРДУМӢ, фаъолиятҳоеянд, ки хамчун воситаи тафреҳӣ ва дилхушӣ дар байни мардум новобаста ба синну сол аз замонҳои қадим то имрӯз барои тарбияи варзишӣ, ахлоқӣ ва зебоишиносии инсон хидмат мекунанд. Бархе аз Бозиҳои миллӣ ва мардумӣ дар замони бостон (аҳди Сосониён) роиҷ буданд ва то имрӯз расидаанд. Дар …

Муфассал »

БОЗИҲОИ ДИДАКТИКӢ

didakticheskie_igri

БОЗИҲОИ ДИДАКТИКӢ, бозиҳое, ки махсус барои амалӣ гардондани ҳадафҳои таълими бачагони синни томактабӣ ва хурди мактабӣ муқаррар шудаанд. Онҳо қобилияти эҳсос намудани шакл, андоза, ранг, ҷойгиршавии ашё дар фазо, мушоҳидакорӣ, диққат, хотира, тафаккур, малакаи ҳисобкунӣ, нутқ, тасаввурот оид ба муҳити беруна ва дигар хусусиятҳои равонии бачагонро инкишоф медиҳанд. Бозиҳои дидактикӣ …

Муфассал »

БОЗИҲОИ ҒОИБОНА

bozii-goibona

БОЗИҲОИ ҒОИБОНА, чанд намуд аз мусобиқахои шоҳмот, ки ширкатдорони он дар фосилаи муайяне аз ҳам қарор доранд ва онҳо бо истифода аз кумаки ин ё он васоити мухобира бо ҳам бозӣ мекунанд. Бозиҳои ғоибона бар чанд навъанд: бозии мукотибаӣ, мусобиқа аз тариқи телеграф, мусобиқаи телефонӣ, мусобиқаи радиоӣ. Дар қиёс бо …

Муфассал »