ХЎРОКИ ЧОРВО, улуфа, маҳсулоти наботию ҳайвонӣ, инчунин моддаҳои минералиеро гўянд, ки барои парвариши ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ истифода мебаранд. Xўроки чорво ҳайвонотро бо моддаҳои ғизоии ҳаётан зарур таъмин мекунад. Ниг. Растаниҳои хўроки чорво, Хошок.
Муфассал »ХОМШӮРБО
ХОМШЎРБО, як навъ таоми тоҷикист. Пораҳои калон-калони гўшти серравған ва дунбаи картро ба деги обдор андохта, маҳин меҷўшонанд, кафки рўи дегро гирифта меистанд, 30—40 дақ. пеш аз пухтани гушт ба дег сабзӣ, шалғам, бехпиёз, қаламфури булғорӣ ва мувофиқи табъ занҷабил, зардчўба, баъди 15— 20 дақиқаи дигар картошка, намак, мурч андохта, …
Муфассал »Печак
Печак, як навъи ширинӣ, ниг. Парварда.
Муфассал »Пашмак
Пашмак 1) як навъ ҳалвоест, ки дар Осиёи Миёна ва баъзе мамлакатҳои Шарқ аз қадим машҳур аст. Пашмакро аз шакар, орд, ҷавҳари лиму ва равған тайёр мекунанд. Ба дег шакар ва об (миқдори об назар ба шакар 30—40% камтар) андохта меҷӯшонанд. Ба қиёми тайёршуда ҷавҳари лиму илова карда, то 1,4—1,8% …
Муфассал »Патресак
Патресак (Physalis), ҷинси гиёҳҳои яксола ё бисёрсолаест аз оилаи авранҷиҳо. Нигаред Пардаарӯсак.
Муфассал »Патиссон
Патиссон, лаъликаду (Си- curbita реро var. patisson), зироати сабзавотиест аз оилаи кадуиҳо. Баргаш калони дурушт, 3—5-гуша, гулаш калон, якҷинса, зард, мевааш сафед, сабз ё зард, зангӯла ё лаълишакл. Зироати гармипарвар, ба нами ва хоки ҳосилхез эҳтиёҷ дорад. Баъди 65—86 рӯзи кишт мепазад. Ҳосили 5—8-рӯзаашро (диаметраш то 10 сантиметр) чун сабзавоти …
Муфассал »Оқпар
Оқпар, як навъ биринҷ.
Муфассал »Оши ҷувори
Оши ҷувори, як навъ таоми тоҷикист. Ҷувориро дар ӯгур мекӯбанд, сабӯсашро мегиранд ва пешакӣ тар карда мемонанд. Гӯшт ё пӯстдунбаро хурд-хурд пора карда ба пиёздоғ меандозанд, зирбак тайёр мекунанд. Баъд оби дегро ҷӯшонда намак, адвиёт ва ҷувории таркардаро меандозанд ва маҳин ҷӯшонда мепазанд. Оши ҷувориро ба коса ё табақ кашида …
Муфассал »Оши туппа
Оши туппа, як навъ таоми тоҷикист. Барои тайёр кардани Оши туппа хамирро сахт ошӯрда (1—2 тухм хам меандозанд), каме дам медиҳанд. Хамирро то 1,5—2 миллиметр тунук карда, ба андозаи бараш 5 сантиметр ва дарозиаш 15 сантиметр тасма-тасма мебуранд. Пас, намии онро гурезонда, дар оби намакдор пухта мегиранд. Дар зарфи дигар …
Муфассал »Оши кӯча
Оши кӯча, оши кашк, гандум к у ч а, як навь таоми тоҷикист. Оши кӯча хӯроки кадима буда, ҳозир дар қишлоқҳои дурдаст боқӣ мондааст. Барои тайёр намудани Оши кӯча ярмаи гандумро тоза мешӯянд ва ба оби серпамак андохта, дар оташи паст мепӯшонанд. 10—15 дақиқа пеш аз пухтанаш ба он пиёздоғ …
Муфассал »