Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шаҳр (страница 9)

Теги: Шаҳр

ТОЛЬЯТТИ

tolyati

ТОЛЬЯТТИ (то 1964 Ставропол), шаҳрест дар вилояти Куйбышеви РСФСР. Стансияи роҳи оҳан, бандар дар обанбори Куйбышев. Аҳолиаш 576 ҳазор нафар (1984). Заводи автомобилсозии Волга (ВАЗ), корхонаҳои мошинсозии вазнин, заводи электротехникӣ, иттиҳодияи «Куйбышевазот», заводи каучуки синтезӣ, институти политехникӣ, театр дорад. Шаҳр соли 1738 бунёд шудааст.

Муфассал »

Шаҳри ТОКИО

tokio

ТОКИО, пойтахти Япония. Дар ҷануби шарқи ҷазираи Хонсю, дар ҳамвории Канго ва назди халиҷи Токио чойгир аст. Токио бандари калони баҳрист. Аҳолиаш 11,754 млн (1983). Токио яке аз калонтарин шаҳрҳои дунё, маркази асосии молияю саноат, иқтисодиёт (қариб 20% даромади миллиро медиҳад) ва маданияти мамлакат аст. Бештар саноати мошинсозӣ, сабук, бофандагӣ, …

Муфассал »

ТОБОЛСК

gallery_promo20911754

ТОБОЛСК, шаҳрест дар вилояти Тю мени РСФСР. Бандар дар дарёи Иртиш, дар наздикии резишгоҳи дарёи Тобол. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 66 ҳазор нафар (1982). заводи киштисозӣ ва таъмири киштӣ, инчунин корхонаҳои саноати чӯбгарӣ, сабук ва хӯрокворӣ дорад. Комплекси коркарди нефт ва химия сохта мешавад (аз 1982). Дар шаҳр институт, техникумҳо, музей-мамнӯъгоҳи …

Муфассал »

Шаҳри ТИРМИЗ

tirmiz

ТИРМИЗ, шаҳр, маркази вилояти Сурхондарёи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон. Дар соҳили рости дарёи Аму воқеъ аст. Стансияи роҳи оҳан, бандари дарёӣ. Аэропорт дорад. Пули рӯи дарёи Аму Тирмизро бо бандари Хайратон (Афғонистон) мепайвандад. Аҳолиаш 61 ҳазор нафар (1982). Шаҳр заводҳои пахтатозакунӣ, ширу гӯшт, институти педагогӣ, театр, музеи кишваршиносӣ дорад. Дар …

Муфассал »

Шаҳри ТИРАНА

tirana-c

ТИРАНА (Тirana), пойтахти Республикаи Халқии Социалистил Албания. Дар водии байникӯҳӣ, 40 км дуртар аз соҳили баҳри Адриатик воқеъ аст. Ҳудудя Тирана воҳиди мустақили маъмурист. Аҳолиаш беш аз 210 ҳазор нафар (1984). Тирана ба воситаи роҳи оҳан бо бандари Дуррес алоқаманд мебошад. Аэропорташ (Ринас) дорои аҳамияти байналхалқист. Шаҳр корхонаҳои саноати бофандагӣ, …

Муфассал »

Шаҳри ТИР

tir1

ТИР (ҳозира Сур дар Лубнон), шаҳр — давлати қадимии Финикия дар соҳили шарқии баҳри Миёназамин. Дар ҳазораи 4 то мелод бунёд ёфтааст. Дар ҳазораҳои 3—2 то мелод маркази муҳимми ҳунармандӣ ва тиҷорат ба шумор мерафт. Давраи нашъунамояш ҳамчун шаҳрдавлат дар ҳазораи 1 то мелод буд.

Муфассал »

Шаҳри ТЕҲРОН

tehron

ТЕҲРОН пойтахти Республикаи исломии Эрон, маркази асосии сиёсӣ, иқтисодӣ, савдою молия ва мадании мамлакат. Маркази маъмурии остони Марказӣ. Теҳрон дар доманаи ҷанубии куҳи Албурс, дар баландии 1100—1300 м воқеъ гаштааст. Иқлимаш субтропикӣ, континентӣ, ҳарорати миёнаи январ 2°С, июл 29,40С. Боришоти солона 240 мм. Аҳолиаш қариб 8 млн нафар (1984). Узели …

Муфассал »

Шаҳри ТЕРНОПОЛ

ternopol-c

ТЕРНОПОЛ (собиқ Тарнопол), шаҳрест дар РССУ, маркази вилояти Тернопол. Дар соҳили дарёи Серет (шохоби Длестр) воқеъ гаштааст. Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 175 ҳазор нафар (1984). Тернопол яке аз марказҳои саноатии республика мебошад. Соҳаҳои муҳими саноаташ: хӯрокворӣ (комбинати гӯшт, заводҳои қанд, пивопазӣ) ва саноати сабук (комбинати …

Муфассал »

Шаҳри ТЕЛ-АВИВ

tel-aviv

ТЕЛ-АВИВ, калонтарин шаҳри давлати Исроил, маркази иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Бандарест дар соҳили баҳри Миёназамин. Аҳолиаш 329,5 ҳазор нафар (1981). Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ, коркарди металл, химия, коркарди алмос, фармацевтӣ, бофандагӣ, хӯрокворӣ, коғаз, чарму пойафзол, полнграфия ва ғайра Университет, музею театрҳо ва консерватория дорад. Тел-авивро соли 1909 мустамликадорони яҳудӣ шимолтар аз …

Муфассал »