Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ТОЛЬЯТТИ

ТОЛЬЯТТИ

ТОЛЬЯТТИ (то 1964 Ставропол), шаҳрест дар вилояти Куйбышеви РСФСР. Стансияи роҳи оҳан, бандар дар обанбори Куйбышев. Аҳолиаш 576 ҳазор нафар (1984).

tolyati

Заводи автомобилсозии Волга (ВАЗ), корхонаҳои мошинсозии вазнин, заводи электротехникӣ, иттиҳодияи «Куйбышевазот», заводи каучуки синтезӣ, институти политехникӣ, театр дорад. Шаҳр соли 1738 бунёд шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …