Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шаҳр (страница 12)

Теги: Шаҳр

Шаҳри РАДОМ

radom-city

РАДОМ (Radom), шаҳрест дар Полша, дар воеводаи Радом. Аҳолиаш 184 ҳазор нафар (1977). Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ (истеҳсоли мошинҳои дарздӯзӣ, чопкунӣ, аппаратҳои телефон, компрессорҳо, мошинҳои рехтагарӣ ва ғайра), чарму пойафзол, хӯрокворӣ (тамоку, гӯшт), дӯзандагӣ, локу ранг, масолеҳи бинокорӣ. Дар Радом шӯъбаи Мактаби олии инженерон мавҷуд …

Муфассал »

Шаҳри РАВАЛПИНДӢ

ravalpindi

РАВАЛПИНДӢ , шаҳрест дар музофоти Панҷоби Покистон. Маркази муҳими иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Солҳои 1947—1959 пойтахти муваққатии Покистон буд. Шаҳр дар соҳили дарёи Лех, дар сари роҳҳое, ки аз Панҷоб ба Афғонистон ва Каш­мир мебаранд, воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 615 ҳазор нафар (1972), асосан паштунҳо, кашмириҳо, гуҷаротиҳо ва панҷобиҳо. Равалпиндӣ— узели …

Муфассал »

Шаҳри ПЯТИГОРСК

pyatigorsk-city

ПЯТИГОРСК, шаҳрест дар кишвари Ставрополи РСФСР, курорти балнеологӣ ва табобат бо лоӣ. Ба гурӯҳи Обҳои Минералии Кавказ дохил ме­шавад. Дар соҳили дарёи Подкумок (шохоби Кума), дар нишебиҳои кӯҳи Маъшуқ воқеъ гардидааст. Стансияи роҳи оҳан 25 км дуртар аз шаҳрт Минералние Води. Аҳолиаш 110 ҳазор нафар (1979). Тобистонаш начандон гарм (ҳарорати …

Муфассал »

Шаҳри ПЯРНУ

pyarnu

ПЯРНУ (собиқ Периов), щаҳрест дар РСС Эст. Дар ҳар ду соҳили дарёи Пярпу (дар ҷои ба халиҷт Рига рехтани он) воқеъ гаштааст. Бан­дари баҳрӣ ва дарёӣ. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 51 ҳазор нафар (1978). Курорти иқлимии наздибаҳрӣ ва табобати лойқавӣ. Дар Пярну бемории узвҳои гардиши хун, ҳаракат ва такягоҳ, системаи …

Муфассал »

Шаҳри ПХЕНЯН

pxenyan-city

ПХЕНЯН, пойтахти Республикаи Халқии Демократии Корея, маркази маъмурии музофоти Пхёнан-Намдо. Шаҳри калонтарин, маркази асосии сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании мамла­кат. Дар соҳили дарёи Тэдонган, дар баландии 300 м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Иқлимаш мӯътадил, муссонӣ; ҳарорати миёнаи июл.24°С, январ— 8,2°С; боришоти солона 922 мм. Масоҳати шаҳр қариб 200 км2. Аҳолиаш …

Муфассал »

Шаҳри ПУЭНТ-А-ПИТР

puent-a-pitr

ПУЭНТ-А-ПИТР (Pointe-a-Pitre), шаҳр, маркази асосии хоҷагии ҷазираи Гваделупа (мулки Франсия) дар Вест- Индия. Бандар дар соҳили баҳри Кариб. Аҳолиаш қариб 30 ҳазор нафар (1977). Истеҳсоли қанд ривоҷ ёфтааст. Ба хориҷа қанд, ром ва меваҳои тропи­кӣ мебарорад.

Муфассал »

ПУЭБЛА

puelba-city

ПУЭБЛА (Puebla), шаҳрест дар Мексика. Маркази маъмурии штати Пуэбла. Аҳолиаш 499 ҳазор нафар (1976). Узели нақлиёти роҳи оҳани ва роҳҳои автомобилгард. Пуэбла яке аз шаҳрҳои муҳими саноатӣ ва мадании мамлакат, маркази асосии саноати матоъҳои пахтагин мебошад. Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, чарму пойафзол, кулолӣ, семент, заводи васли қисмҳои автомобил низ мавҷуданд. 2 …

Муфассал »

Шаҳри ПУШКИН

pushkin-city

ПУШКИН (аз 1728 — Тсарское Село, 1918—1837— Детское Село, аз 1937 ба муносибати 100-солагии рӯзи вафоти А. С. Пушкин номи ӯ дода шудааст), шаҳрест дар вилояти Ленингради РСФСР. Стансияи роҳи оҳан 24 км ҷанубтар аз шаҳри Ленинград. Аҳолиаш 87 ҳазор нафар (1978). Дар Пушкин заводҳои мошинҳои роҳсозӣ ва асбобҳои электрӣ, …

Муфассал »

Шаҳри ПУСАН

pusan-city

ПУСАН, шаҳр, калонтарин бандарест дар Кореяи Ҷанубӣ, дар соҳили гул. Корея. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба музофот мувофиқ аст. Аҳолиаш беш аз 2 млн нафар (1979). Пусан— узели муҳимми нақлиёт, базаи моҳигирӣ. Содаҳои саноаташ: бофандагӣ (асо­сан матоъҳои пахтагин), хӯрокворӣ (аз ҷумла шоликӯбӣ), металлургӣ, электротехникӣ, химия, резин, коркарди металл ва мошинсозӣ (аз …

Муфассал »

Шаҳри ПУНА

puna-city

ПУНА, шаҳрест дар Ҳиндустон, дар штати Маҳараштра. Дар шимолу ғарби паҳнкӯҳи Дакан, дар андароби дарёҳои Мутҳа ва Мула воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 856 ҳазор нафар (1971). Узели муҳими нақлиёт, яке аз марказҳои калони саноат, тиҷорат ва маданият. Саноати мошинсозӣ, бофандагӣ, чарму пойафзол, қоғаз, хи­мия ривоҷ ёфтааст. Дар Пуна маркази тадқиқоти вирусология …

Муфассал »