Маълумоти охирин
Главная / Теги: Фарҳанг (страница 14)

Теги: Фарҳанг

Палео

paleo

Палео…, ҳиссаи аввали калимаҳои мураккаб, ки ба замони қадим нисбат доштани мафҳумҳои бо ин калимаҳо ифодашударо мефаҳмонад (масалан, палеоботаника, палеография ва ғайра).

Муфассал »

Палата

palata

Палата, 1) номи худи органҳои намояндагӣ ё номи қисми таркибии ин ё он органҳои намояндагӣ (масалан, дар СССР дар ҳайати Совети Олии СССР ду Палатаи баробарҳуқуқ — Сове­ти Иттифоқ ва Совети Миллатҳо вуҷуд доранд). 2) Номи баъзе органҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва муассисаҳост (масалан, Палатаи савдою саноат, Палатаи китобҳо). 3) Дар …

Муфассал »

Палаягина

palayagina

Палаягина, 1) пӯст ва порчаест, ки ба шакли накши паланг ранг додаанд; 2) пӯстинест, ки аз пӯсти паланг духтаанд.

Муфассал »

Налакмурда

nalakmurda

Налакмурда 1) харбуза ё тарбузест, ки пеш аз пухтан палакаш хушкидааст; 2) одами бемормонанди камқувватро гӯянд.

Муфассал »

Палак

palak

Палак 1) растании танобнавдаи паҳнбарг (Палаки харбуза, тарбуз, каду, бодиринг, дастамбӯй ва ғайра.);. 2) пилк, пӯсти гирдогирди чашм; ду пардаеро гӯянд, ки чашмро мепӯшонад ва мижгон аз лабҳои онҳо мебарояд.

Муфассал »

Осеби ҷисмони

osebi-jismoni

Осеби ҷисмони, мувофиқи ху­қуқи ҷиноятии советӣ аз тарафи як шахс ба шахси дигар расондани зарари ҷисмониро гӯянд, ки боиси оқибатҳои вазнин мегардад. Аз рӯи дараҷаи зарарнокӣ Осеби ҷисмониро ба вазнин, каме вазнин ва сабук ҷудо мекунанд. Осеби вазнини ҷисмонӣ Осеби ҷисмониест, ки қасдан расонда шуда, барои ҳаёти ҷабрдида хавфнок мебошад. …

Муфассал »

Осеби маишӣ

osebi-maishi

Осеби маишӣ, дар ҳуқуқи со­ветӣ оид ба меҳнат осеб дидани саломатиро гӯянд, ки берун аз кор ё иҷрои ӯҳдадориҳои давлатию ҷамъиятӣ ба амал омадааст (нигаред. Маъюбии меҳнатӣ). Берун аз қоидаи умумӣ ёрдампулӣ барои ғайри қо­били меҳнат будан аз рӯзи 6-уми осеб дидани шахс дода мешавад. Дар сурати аз Осеби маишӣ …

Муфассал »

Осаф

Осаф номи вазири Сулаймон. Вазири хирадманду ботадбир, кордо­ну бомаърифате буда, корҳои давлатиро ба тартибу танзим оварда буд. Осаф дар адабиёти классикии араб ва форс-тоҷик яке аз образҳои бадеии маъмул, тимсоли доноиву ботадбир дар корҳои идораи давлат (вазорат) мебошад.

Муфассал »

Ос

os

Ос, дастгоҳест, ки дар он ғалладонаро орд мекунанд. Нигаред низ Дастос.

Муфассал »

Орфоэпия

Орфоэпия

Орфоэпия (юнонӣ orphoepeia аэ or­thos — дуруст ва epos — нутқ, сухан), маҷмӯи қоидаҳои талаффузи адабии ягон забони миллиро гӯянд, ки ягонагии сохти овозии онро таъмин мекунад. Қоидаҳои талаффузи забони адабӣ якҷоя бо нормаҳои лек­сикӣ, грамматикӣ, фонетикӣ, услубӣ, имлоӣ ва ғайра мубодилаи афкорро бай­ни намояндогони шеваҳои мухталиф осонтар мекунанд. Қоидаҳои …

Муфассал »