БОҲТУР (Ophisaurus apodus), баҳтур, калтакалоси бепойи мормонанд. Дарозиаш то 1,5 метр; рангаш сиёҳи сурхтоб, холҳои зарди сабзгун ё сурхча дорад. Дар Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Қрим, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон паҳн шудааст. Онро қариб дар ҳамаи ноҳияҳои кишварамон метавон дучор омад. Боҳтур дар ҳамвории доманакӯҳҳо, …
Муфассал »