Маълумоти охирин
Главная / Теги: дарахт

Теги: дарахт

САРВ

v-krymu-na-yaltinskoy-trasse-goryat-kiparisy_foto-iz-intereneta_1_2014-07-30-11-54-42

САРВ  – ҷинси буттаву дарахтони ҳамешасабзест аз оилаи сарвиҳо аст. То 20—25 (баъзан то 45 метр) қад мекашад, ғафсии танааш 30—70 сантиметр, то 2 ҳазор сол умр мебинад. Баргҳои навниҳоли Сарв сӯзаншакл (то 1 сантиметр) ва дарахтони калони он пулакчашакланд (1—2 миллиметр), ҷалғузааш мудаввар (диаметраш то 2—3 сантиметр), соли сеюм пухта, …

Муфассал »

САФЕДОР

safedor

САФЕДОР (Рори1из), ҷинси дарахтест аз оилаи бедҳо. Баргаш дандонадор ё бедандонаи гуногуншакл (дилшакл, байзашакл, гурдашакл, паррашакл ва ғайра); гулаш майдаи якҷинса (баъзан дуҷинса), хӯшагулаш «гӯшворак», пеш аз баргбарорӣ мешукуфад, шамол гардолуд мекунад. Ғӯзааш 2-4-паллаи сертухм, тухмаш майда (дарозиаш 1—3 миллиметр), дар нӯгаш пати пахтамонанд дорад. Дар дунё 45—50 намуди Сафедор …

Муфассал »

САРВИҲО

v-krymu-na-yaltinskoy-trasse-goryat-kiparisy_foto-iz-intereneta_1_2014-07-30-11-54-42

САРВИҲО, як оилаи бутта ё дарахтони ҳамешасабзи- сӯзанбаргро гӯянд. Сарвиҳо аз 10 то 70 метр қад мекашанд. Диаметри танаашон аз 20 сантиметр то 6 метр мерасад. Сарвиҳо барги пулакчамоланд (0,5—3 миллиметр) ё сӯзаншакл (1—3 сантиметр), ҷалғӯзаи чӯбӣ ё «руҷуммева» (масалан, арча) доранд. Сарвиҳо 19 ҷинс ва 130 (мувофиқи маълумоти дигар …

Муфассал »

САНҶИДИҲО

sanjid

САНҶИДИҲО, ҷ и г д а г и ҳ о як оилаи буттву дарахгони ҳазонрез ё ҳамешасабз. Шоху барги Санҷидиҳоро пулакчаҳо ё мӯякҳои ситорашакли нуқрагун пушидаанд. Барги онҳо дар 1 охчаву навда паи ҳам ё рӯ ба рӯи якдигар ҷой гирифтааст. Гули Санҷидиҳо асосан дуҷинса, бе гулбарг, косабарги гулҳои дуҷинсаву …

Муфассал »

САНҶИД

sanjid

САНҶИД, ҷигда (Б1аекоиа), ҷинси буттаву дарахтест аз оилаи санҷидиҳо. Аз 5 то 12 метр қад мекашад. Баргашро пулакчаҳои нуқратоб пӯшидааст, гулаш дуҷинса, зангӯлачашакл ё қифмонанди 4-барга, хушбӯй ва сершаҳд. Мева (чӯбдона)-аш иборат аз пӯст, «ор- дак»-и сафеди ширин ва донақ; сентябр- октябр мепазад. Дар Европа, Осиё ва Америкаи Шимолӣ. 40 …

Муфассал »

САНДАЛ

MINOLTA DIGITAL CAMERA

САНДАЛ, чандал, чандан, сафедсандал, сандалдарахт, (ЗапЫиш а1Ьит), дарахти ҳамешасабзест аз оилаи сандалищо. То 10 метр қад мекашад. Сандал дарахти паразит аст. Дар решаи он «макакҳо» (гаус- торияҳо) ҳосил мешаванд. «Макакҳо» моддаҳои ғизоиро аз бофтаи найшакар, хайзурон, нахл (палма) ва ғайра ҷаббида мегиранд. Сандал мустақил ҳам месабзад. Сандал дар Ҳиндустон, нимҷазиаи …

Муфассал »

САНАВДАР

sanavdar

САНАВДАР, четаи, ғубайро, рябина (ЗогЬиз), ҷинси буттаву дарахтонест аз оилаи настараниҳо. Аз 1,5 то 25 метр қад мекашад. Дар дунё 50—100 намуд (асосан дар ноҳияҳои иқлимашон мӯътадили Нимкураи шимолӣ), аз ҷумла дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 34 намуди худрӯи Санавдар месабзад. Сохт ва шакли баргаш …

Муфассал »

САНАВБАР

sanavbar

САНАВБАР (Ртиз), ҷинси буттаву дарахтони сӯзанбарги ҳамошасабзест аз оилаи санавбариҳо. Аз 1,5 то 50 (баъзан 75) метр қад мекашад. Дарозии сӯзанбарги онҳо аз 2 сантиметр то 30-35 сантиметр мешавад. Дарозии ҷалғӯзааш аз 2,5 – 7 сантиметр  40—45 см (Р. 1атЬ.ег1|‘апа, ки дар Америкаи Шимолӣ мерӯяд), бараш 2—8 сантиметр. Тухмаш чормағзшакли …

Муфассал »

САКСАВУЛ

220px-qyzyl-qum-desert-landscape

САКСАВУЛ, суксавул (Haloxylon), як ҷинси дарахт, баъзан буттаест аз оилаи шӯраиҳо. Шоху навдаҳояш зудшикан, баргаш пулакчашакл, хеле суст инкишоф ёфтааст; гулаш майдаи дуҷинса. Дар ноҳияҳои биёбон (аз Арабистони Шимолӣ то Осиёи Марказӣ) 5 намуди Сакременто месабзад. Дар «ҷангали рогистон»-и Тоҷикистон 2 намуди Сакременто мерӯяд. Сакрементои с а ф е д …

Муфассал »

Дарахти РИМ

safedor

РИМ, р е м (Рори1ия 1адзЫк1з1а- П1са, Р. 1а1азз1са), дарахтест аз ҷинси Сафедор. Ду намуд дорад: 1) Рими тоҷикистонӣ дарахтест, ки барги гуногуншакли (аз нештарӣ то мудаввар; дарозиаш 2,5—5 сантиметр, бараш 1,5—4 сантиметр) думчааш серпашмак (2—3 сантиметр), хӯшагули нарнини тучи дарозрӯя (4,5—5 сантиметр), 38—45-гула, хӯшагули моткини сабз (4—7 сантиметр) ва …

Муфассал »