Маълумоти охирин

ТАФСИР

ТАФСИР яке аз санъатҳои бадеии маънавист. Мувофиқи талаботи он шоир бо мақсади таъкид мақсадашро хираву муҷмал зикр карда, дар мисраъ ё байти сонӣ онро шарҳ медиҳад. Масалан, дар ин шеъри Рӯдакӣ ибораи «се пероҳан» тафсир ёфтааст:
Нигорино, шунидастам, ки гоҳи меҳнату роҳат
Се пероҳан салаб будаст Юсуфро ба умр-андар:
Яке аз қайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз тӯхмат;
Савум Яъқубро аз нур-ш равшан гашт чашми тар.
Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сонӣ,
Насиби ман шавад дар васл он перохани дигар.
Тафсирро ду навъ нишон додаанд: 1) Тафсири равшан (ҷалӣ, зоҳирӣ); 2) Тафсири пӯшида (хафӣ). Дар навъи аввал чунон ки дар мисоли боло мебинем, калимаи шарҳталаб баён мешавад. Дар навъи дуюм калимаи шарҳталаб такрор намеёбад ва онро аз худи шарҳ пайдо кардан мумкин аст:
Шуд дар ҳаваси абрӯи ту, эй бути саркаш,
Шуд дар талаби гесӯи ту, эй санами Чин,
Пушти мани ғамхора чу абрӯи ту дарҳам.
Рӯи мани бечора чу гесӯи ту дар чин.
(Абдулвосеи Ҷабалӣ).
Тафсир бо дигар санъатҳои бадеӣ — шумур, лаффу нашр, тафриқу тақсим ва ғайра наздикӣ дорад. Аксаран онҳо якҷоя истифода мешаванд.
Р. Мусулмоқулов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …