Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАЦИТ Публий Корнелий

ТАЦИТ Публий Корнелий

tacit

ТАЦИТ Публий (?) Корнелий (Р. Соrnelius Тасitus) (тақрибан 58—баъди 117), муаррих, нависанда ва нотиқи Рим. Аз оилаи ашрофи музофоти Рим. Мансабҳои муҳими давлати (претор, консул, проконсули Осиё)-ро ишғол кардааст. «Атрикола» (соли таълифаш 97—98), «Германия» (98), «Муколамаи нотиқон» (102—107) барин асарҳо ба қалами Тацит тааллуқ доранд ва онҳо таърих, ҷуғрофия этнографияи Рим, Британия ва Германияи қадим ва ғайраро дар бар мегиранд. Вале ӯ бо ду асари таърихии «Таърих» (тақрибан 105—111) ва «Анналҳо» машҳур гаштааст, ки онҳо таърихи Империяи Римро аз соли 14 то 96 м. тавсиф мекунанд. «Таърих» аз 14 китоб иборат буда, танҳо китобҳои 1—4 ва қисми аввали китоби 5-ум то замони мо расидаанд. «Анналҳо» нотамом монда, танҳо 16 китоби он таълиф шудааст. Китобҳои 1—4, 12—15 пурра боқӣ мондаанд, китобҳои 7—10 бошанд, то замони мо нарасираанд.
Асарҳо: Сочинение, т. 1—2, М.—Л., 1960.
И. В. Пьянков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …