Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ»

«ТАЪРИХИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ»

«ТАЪРИХИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ» асари Ҷурҷи Зайдон, ки бори аввал солҳои 1902— 06 дар Қоҳира ва бори дуюм соли 1978 дар Бейрут ба табъ расидааст. Асар аз 5 қисм (ҷузъ) иборат буда, дар ду китоб гирд оварда шудааст. Китоби якум ду қисм, китоби дуюм се қисмро дар бар мегирад. Қисми якум барои қисмҳои оянда чун асос хизмат карда, дар он роҷеъ ба вазъияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва динии арабҳо аз эрониёни қабл аз ислом, тарзи давлатдории онҳо, ба тахти хилофат омадани Умавиёну Аббосиён маълумот дода шудааст. Қисми дуюму сеюм ба таърихи Хилофати араб, робитаҳои он бо мамлакатҳои ҳамсоя, таърихи шаҳрҳою вилоятҳои Шарқи исломӣ, аз ҷумла Мовароуннаҳр (Бухоро, Самарқанд, Кеш, Нахшаб, Пайканд, Фарғона, Суғд, Истаравшан, Хуҷанд), таърихи адабиёти пешазисломии Эрон, мақоми халқҳои эронинажод дар инкишофи илму маданияти халқҳои дар тасарруфи Хилофати араб буда ва тамаддуни Юнони Қадим оид аст. Дар қисми чорум муаллиф дар бораи муносибати байни арабҳою эрониёни пеш аз ислом, сиёсати халифаҳои араб дар давраҳои гуногуни таърихӣ маълумот додааст. Қисми панҷум аз вазъияти иҷтимоии арабҳо, эрониҳо ва дигар халқҳои Шарқ, ки баъди интишор ёфтани дини ислом умр ба сар бурдаанд, баҳс мекунад. Асар барои омузиши таърихи халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон аҳамият дошта, ба забонҳон англисӣ, франсавӣ, форсӣ, туркӣ, урду ва қисман руси тарҷума ва нашр шудааст. О Лашкаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …