ТОҲИРИ МАРВАЗӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), табиб ва табиатшиноси машҳури форс-тоҷик (охири асри 11—аввали асри 12). Дар Марв таваллуд ёфта, аввал дар зодгоҳаш, сипас дар Бухоро, Хоразм ва Самарқанд зиндагӣ кардааст. Тоҳири Марвазӣ оид ба тиб ва табиатшиноси асарҳои бисёр эҷод кардааст, ки баъзеашон дар шакли дастнавис ва дигарашон дар шакли шарҳу эзоҳҳои олимони дигар (маснавӣ, нависандаи асри 13-и форс-тоҷик Муҳаммади Авфи, адабиётшивоси ибтидои асри 15 Ибни Мухон ва дигарон) боқӣ мондааст. Дар байни асарҳои Тоҳири Марвазӣ асари зоогеографии ӯ «Табаъ-ул-ҳайвон» — (тахминан соли 1120 таълиф шудааст) машҳур мебошад.
Г. Аҳмадов.
Tags табиатшинос Табиб
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …