Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУЗИШ

СУЗИШ

СУЗИШ, ҷараёни мураккаби физикию химиявиест, ки дар рафти он гармии зиёд ва шӯълаи (алангаи) баланд ҳосил мешавад. Реакцияҳои химиявии Сузиш мураккабанд, яъне онҳо аз миқдори зиёди процессҳои элементарӣ иборатанд. Ғайр аз ин табаддулоти химиявӣ ҳангоми Сузиш ба як қатор процессҳои физикӣ алоқаманд буда, қонуниятҳои худро дорад.

suzish
Барои ҳар як навъ Сузиш давраи аланта (даргирӣ) ва сӯзиши минбаъда (тамоман сӯхтан) хос аст. Фосилаи вақти ҳар дуи ин давра вақти умумии Сузиш мебошад. Вобаста ба ҳолати агрегатии моддаҳои сӯзшиворӣ ва оксидкунанда Сузиш се навъ (гомогенӣ, моддаҳои тарканда ва борутҳо, гетерогенӣ) мешавад. Ҳангоми Сузиши гомогенӣ (масалан, сӯхтани газ ва сӯзишвориҳои буғмонанд) одатан оксигени ҳаво муҳити оксидкунанда мебошад. Ин навъи Сузиш дар печҳон газӣ, камераҳо, колонкаҳо ва ғайра рӯй медиҳад. Сузиши моддаҳои тарканда дар натиҷаи худ аз худ паҳн шудани доираи реакцияи таҷзияи моддаҳои тарканда ё таъсири мутақобили моддаҳои тарканда тавассути нақли энергияи реакция (гармӣ) аз қабате ба қабате рӯи медиҳад. Суръати Сузиши моддаҳои тарканда ба табиати онҳо, фишор, ҳарорат, зичии заряд ва омилҳои дигар вобаста аст. Дар ин навъи Сузиш иштироки оксигени ҳаво шарт нест. Ҳангоми Сузиши гетерогенӣ сӯзишвориҳои моеъ ва сахт дар муҳити оксидкунандаҳои газмонанд месӯзанд. Барои сӯхтани моддаҳои моеъ бухоршавии онҳо аҳамияти калон дорад. Дар вақти сӯхтани моддаҳои сахт (масалан, металлҳо) одатан моддаҳои бухоршавандаи таркиби онҳо ҷудо намешаванд. Дар техника сӯзишвориҳои сахте, ки дар таркибашон карбол ва миқдори муаяни моддаҳои оргаинкӣ мавҷуданд (масалан, ангиштсанг), аҳамияти хеле калон доранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …