Маълумоти охирин

СӮЗАНӢ

suzani

СӮЗАНӢ, матоест, ки рӯяш бо ресмонҳои рангоранг бо усули кашидадӯзӣ гулдӯзӣ шудааст. Одатан, барон зинати довори манзил истифода мешавад. Матои Сузанӣ маъмулан сатин, шоҳӣ ва махмал мешавад. Сузанӣасосан аз нақшҳои наботӣ, ислимӣ ва паргорӣ иборат буда, аксаран дар байн гули доирамонанд ва дар атрофаш ҳошия дӯхта мешавад. Сузанӣ ҷузъи муҳими бисоти наварӯсон ҳисоб меёоад. Намунаҳои қадимаи Сузанӣ боқӣ намондаанд. Сузаниҳои музейҳо ва шахсӣ асосан ба асри 19 мансубанд. Намунаҳои беҳтарини Сузаниҳои маҳалҳои гуногун дар махзани этнотрафии Институти таърихи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон гирдоварӣ шудаанд. Ҳар як шаҳру маҳал услуби хоси сӯзанидӯзӣ дорад. Масалан, услуби сӯзанидӯзии Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва Уротеппа аз ҳам тафовут дорад. Дар асри 20, хусусан, баъди солҳои 40 Сузаниҳои попурдӯзь (мошинӣ) маъмул гаштанд. Нигаред низ Кашидадӯзӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …