Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СУДИ ОЛИИ СССР

СУДИ ОЛИИ СССР

СУДИ ОЛИИ СССР, органи олии судии СССР, ки аз рӯи қонун ба фаъолияти судии судҳои СССР, судҳои республикаҳои иттифоқӣ назорат мекунад ва ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад. Соли 1924 таъсис шуд. Мувофиқи Конститусияи СССР (моддаи 153) Суди Оллии СССР-ро Совети Олии СССР дар ҳайати Раис, ҷонишинони вай, аъзоён ва машваратчиёни халқӣ интихоб мекунад. Раисони Судҳои Олии республикаҳои иттифоқӣ аз рӯи вазифаашон ба ҳайати Суди Оллии СССР дохил мешаванд. Ташикилу тартиби фаъолияти Суди ОллииСССР-ро Қонун дар бораи Суди ОллииСССР муайян мекунад. Дар ҳайати Пленум ва се коллегияи судӣ— оид ба корҳои ҷинояти, граждани ва ҳарбӣ амал мекунад. Салоҳияти ҳар як коллегияро қонун муайян кардааст. Ба тариқи суди инстансияи якум коллегияҳои суди корҳоро дар ҳайати раисикунанда (аъзои Суди Олӣ) ва 2 машваратчии халқӣ, дар баъзе мавридҳо дар ҳайати 3 аъзои суд дида мебароянд. Пленум эътирозҳоро аз болои ҳалномаҳо, ҳукмҳо, таъиноти коллегияҳои судии Суди Оллии СССР ва қарорҳои Судҳои Олии республикаҳои иттифоқӣ дида мебароянд; материалҳои ҷамъбасткунандаи амалияи судӣ ва статистикаи судиро муҳокима мекунад ва ба судҳо доир ба масъалаҳои татбиқи қонунгузорӣ ҳангоми дидани корҳои судӣ тавзеҳотӣ роҳнамо медиҳад; доир ба масъалаҳои ба тариқи қонушузорӣ ҳалшаванда ва маънидодкунии қонуи ба Президиуми Совети Олии СССР бо пешниҳодот муроҷиат мекунанд; баҳсҳои дар байни органҳои судии республикаҳои иттифоқӣ ба миён амадаро ҳал менамояд; ҳисоботро дар бораи фаъолияти коллегияҳои судӣ, маърӯзаҳои раисони Судҳои Олии республикаҳои иттифоқӣ доир ба амалияи судӣ, оид ба татбиқи қонунгузории умумииттифоқӣ ва қарорҳои Плепуми С. 0. СОСР мешунавад. Дар маҷлисҳои Плеыум иштирок на- мудаии прокурори генералии СССР ҳаггмист. Дар назди Суди Оллии СССР совети илмию консултативӣ мавҷуд аст. Суди Оллии ССОР аз соли 1957 ин ҷониб органи нашрияи даврагии худ «Бюллетени Суди Олии СССР»-ро чоп макунад (аз соли 1943 то 1954 «Амалияи судии Суди Олии СССР» ном бюллетен нашр менамуд).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …