Маълумоти охирин
Главная / Теги: Суд

Теги: Суд

ТРИБУНАЛИ ҲАРБӢ

sys-hukuk

ТРИБУНАЛИ ҲАРБӢ, дар СССР судҳои махсусеро номанд, ки ҷнноятҳои ҳарбӣ ва дигар ҷиноятҳоро дар асоси қонун дида мебароянд ва дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР адолати судиро барқарор менамоянд. Трибунали ҳарбии революсионӣ соли 1918 дар назди Советҳои ҳарбии революсионии армияҳо, фронтҳо ва республикаҳо ташкил ёфта, дар давраи ҷанги гражданӣ, интервенсияи ҳарбии солҳои …

Муфассал »

ТРИБУНАЛ

hukuk

ТРИБУНАЛ (лотинӣ tribunal — ҷои судкунӣ, судхона; маънои аслиаш баландие, ки дар Рими Қадим шахсони олимартаба — консулҳо, преторҳо ҳангоми иҷрои вазифаашон андар он менишастанд), 1) дар Франсия—суди фавқулодаи революционии давраи Революцияи Кабири Франсия; 2) дар СССР — судҳое, ки мувофиқи Декрети Совети Комиссарони Халқ оид ба суд аз 22 …

Муфассал »

ТАЪИНОТИ СУДӢ

sys-hukuk

ТАЪИНОТИ СУДӢ дар ҳуқуқи советӣ, қарори суди инстацияи якум оид ба масъалаҳои алоҳидаи мурофиавӣ ва ҳама гуна қарорҳои суди инстанцияҳои касоационӣ ва назоратиро (ғайр аэ Президиум ва пленуми судҳо) гӯянд. Қарори суд, ки диққати ташкилоти дахлдор ё шахси мансабдорро ба ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ҷалб менамояд, таъиноти алоҳидаи судӣ номида мешавад.

Муфассал »

ПРЕЗИДИУМИ СУД

flag-sssr

ПРЕЗИДИУМИ СУД, дар СССР органи коллегиалӣ дар судҳои кишварӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, вилоятҳои автономӣ ва округҳои автономӣ, республикаҳо, ки вазифаи назорати судиро амалӣ мегардонад. Аз раиси суд, ҷонишинони ӯ ва аъзоёни суд иборат мебошад. Ҳайати Президиуми суди шаҳрӣ ва вилоятиро комитетҳои иҷроияи шаҳрию вилоятии Совети депутатҳои халқӣ, ҳайати Президиуми суди республикаҳои …

Муфассал »

СУДЯИ ХАЛҚӢ

sud

СУДЯИ ХАЛҚӢ, дар СССР аъзои суди халқиро гӯянд. Уро бевосита аҳолии район (шаҳр) дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумию баробар ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунад. Ҳамаи гражданҳои СССР, ки ҳуқуқи интихоботӣ доранд ва синашон ба 25 расидааст, ба Судяи халқӣ интихоб шуда метавонанд. Интихобӣ будани Судяи халқӣ ӯро уҳдадор мекунад, …

Муфассал »

СУДИ ҲАКАМӢ

sud

СУДИ ҲАКАМӢ, судест, ки дар асоси созиши тарафайн барои ҳалли баҳсҳо интихоб мешавад. Дар СССР мувофиқи принсипҳои муҳокимаи ҳакамӣ Комиссияи арбитражии савдои берунӣ ва Комиссияи арбигражии баҳрӣ ҳал мекунанд. Барои ҳалли баҳсҳои байни гражданҳо Суди ҳакамиро мувофиқи Низомномаи суди ҳакамӣ, ки ҳамчун илова ба Кодексҳои просессуалии граждании республикаҳои иттифоқӣ дохил …

Муфассал »

СУДИ ОЛИИ СССР

shuroi-oli-sssr

СУДИ ОЛИИ СССР, органи олии судии СССР, ки аз рӯи қонун ба фаъолияти судии судҳои СССР, судҳои республикаҳои иттифоқӣ назорат мекунад ва ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад. Соли 1924 таъсис шуд. Мувофиқи Конститусияи СССР (моддаи 153) Суди Оллии СССР-ро Совети Олии СССР дар ҳайати Раис, ҷонишинони вай, аъзоён ва машваратчиёни халқӣ …

Муфассал »

СУДИ РАФИҚОНА

shuroi-oli-sssr

СУДИ РАФИҚОНА, дар СССР органи интихобии ҷамъиятиест, ки дар маҷлисҳои умумии муаосисаю ташкилотҳо бо роҳи овоздиҳии кушода интихоб карда мешавад. Он корҳоро оид ба вайрон кардани интизоми меҳнат, дуздии майдаи (нигаред Хасдуздӣ) моликияти ҷшъиятӣ ё давлатӣ, авбошӣ ва ғайра дида мебарояд ва ба гунаҳкорон таъсири ҷамъиятӣ мерасонад. Тартибу ташкил ва …

Муфассал »

СУДИ ОЛИИ РСС Тоҷикистон

flag_of_tajik_ssr

СУДИ ОЛИИ РСС Тоҷикистон, органи олии судии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, ки ба амалиёти ҳамаи органҳои судии республика назорат мекунад ва дорои ҳуқуқу ташаббуси қонунгузорӣ мебошад. Соли 1929 таъсис шуд. Мувофиқи Конституцияи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, (моддаи 93) Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистонро Савети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ба муддати …

Муфассал »

МУСОДИРАИ МОЛУ МУЛК

musodira

МУСОДИРАИ МОЛУ МУЛК маҷбуран ва бепул ба моликияти давлатӣ гузаронидани қисм ё тамоми молу мулки шахси маҳкумшуда. Мусодираи молу мулк дар ҳуқуқи ҷиноятй ҷазои иловагии шахси маҳкумшуда барои ҷиноятҳои давлатӣ ва гаразноке мебошад, ки дар қонун махсус нишон дода шудааст. Суд ҳуқуқи мусодира кардани тамоми молу мулк ё як  онро …

Муфассал »