Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТРУВЕ Василий Яковлевич

СТРУВЕ Василий Яковлевич

struve-vasiliy

СТРУВЕ Василий Яковлевич (15. 4. 1793, Альтона (Германия) — 23. 11. 1864, Петербург), астроном ва геодезисти рус, академики Академияи Фанҳои Петербург (1832; аъзо-коррспондент 1822). Соли 1810 Университети Дерпт (Тарту)-ро хатм кардааст. Солҳои 1818—39 директори Расадхонаи астрономии Дерпт; солҳои 1839—62 Струве директори Расадхонаи Пулково буд, ки худ дар таъсисаш фаъолона иштирок кардааст. Натиҷаҳои бузурге, ки Струве дар соҳаи астрометрияи фундаменталӣ, муайян кардани координатаҳои ҷирмҳои осмонӣ ва тартиб додани зичи ситораҳо ба даст овард, боиси шӯҳрати ҷаҳонии Расадхонаи Пулково гардидаанд. Бори аввал параллакси 27 ситораро ба ҳадди эътимод ҳисобкард (1822). Струве 1837 бошад, параллакси хусусии ситораи, а-Санҷ (1837)-ро саҳеҳ муайян намуд. Дар Расадхонаи Пулколо таҳти роҳбарии Струве системаи собитаҳои астрономи муайян шуд, ки аҳли илм эътироф кард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …