Маълумоти охирин
Главная / Биология / СПЕЛЕОФАУНА

СПЕЛЕОФАУНА

СПЕЛЕОФАУНА (аз юнонӣ spelaion — ғор ва фауна), фаунаи ғор. маҷмӯи ҷонваронеро гӯянд, ки дар ғорҳо, тарқиши ҷинсҳои кӯхӣ ва дигар ҷойҳои ба инҳо монанд зиндагӣ мекунанд. Ба Спелеофауна асосан намудҳои зиёди бемӯҳраҳо баъзе мӯҳрадорон (масалан, аз обхокиҳо — протей) ва моҳиёне мансубанд, ки дар ғорҳо зиндагӣ мекунанд. Намояндагони Спелеофауна нобино буда ба онҳо депигментапия (пигмент надоштани пӯст) ва дароз шудани зоидҳои бадан (барои ҷонвароне, ки дар ковокиҳои калони зеризаминӣ зиндагӣ мекунанд) хос аст. Мубодилаи моддаҳо дар чунин ҷонварон суст ҷараён мегиранд.

speleofauna

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …