Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРОИ КОМИССАРОНИ ХАЛҚ

ШӮРОИ КОМИССАРОНИ ХАЛҚ

sovnarkom

СОВЕТИ КОМИССАРОНИ ХАЛҚ (СКХ), то соли 1946 номи органи олии иҷроия ва амрдиҳандаи ҳокимияти давлатии СССР, республикаҳои иттифоқӣ ва автономӣ. Бори ав-вал СКХ бо сардорни В. И. Ленин дар съезди 2-кхми Умумироссиягии Советҳо ташкил шуд ва мувофиқи Конститутсияи РСФСР (1918) СКХ РСФСР номида шуд. Баъди ташкил ёфтани СССР (июли 1923) бо сардории В. И. Ленин якумин СЮС СССР таъсис ёфт. Мувофиқи Конститутсияи СССР (1924) бо қарори КИМ-и СССР СКХ СССР, бо қарори КИМ-и республикаҳои иттифоқӣ ва автономӣ СКХ республикаҳои дахлдор ташкил шуд. Дар асоси Конститутсияи СССР (1936) ва мувофиқи салоҳдиди Совети Олии СССР СКХ СОСР, мувофиқи салоҳдиди Советҳои Олии республикаҳои иттифоқӣ СКХ республикаҳои иттифоқӣ ташкил гардпд. Муттаҳид намудани комиссариатҳои халқии умумииттифоқӣ ва иттифоқию республикавӣ, роҳбарӣ ба кори онҳо, андешиданн чораву тадбирҳо дар бораи амалӣ гардондани планҳои хоҷагии халқ ва бюҷети давлатӣ, мустаҳкам намудани системаи кредитию пулӣ, таъмини муҳофиаати тартиооти ҷамъиятӣ, амалӣ гардонидани роҳбарии умумй дар соҳаи муносибат- ҳон берунӣ бо давлатҳои хориҷа ва ғайра. ба анммаи СКХ СССР буд. Аз марти 1946 СКХ СССР ба Совети Вазирони СССР, СКХ республикаҳои иттифоқию автономӣ бошанд, мувофиқан ба Совети Вазирони республикаҳои иттифоқию автономӣ табдил дода шуданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …