Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОНИЯ

СОНИЯ

soniya

СОНИЯ (арабӣ — дуюм; шастяки дақиқа), 1) воҳиди вақт, яке аз воҳидҳои асосии Системаи воҳидҳои байналхалқӣ (СИ) ва Системаи воҳидҳои СГС. Ишораташ сон. Сонияи атомӣ ва эфемеридиро фарқ мекунанд. Сонияи атомӣ фосилаи вақтест баробар ба 919263177 даври афканишоте, ки ба гузариши байни ду савияи ҳаддалборики ҳолати асосии атоми цезий— 133Сs мувофиқ меояд. Сонияи эфемеридӣ бошад, ба 1/31556925,9747 ҳиссаи соли тропикӣ рост меояд. Соли тропикӣ дар навбати худ барои соли 1900, 0-и январ, соати 12-и вақти эфемеридӣ муайян карда шудааст (вақти эфемеридӣ гуфта тағйирёбандаи мустақилеро дар муодилаи ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ меноманд. Бар хилофи вақти умумиҷаҳонӣ, ки аз рӯи гардиши Замин муайян мешаваду номунтазам ҷорӣ мегардад, вақти эфемериди мунтазам ҷараён мегирад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …