Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОНЕИ БАЛХӢ

СОНЕИ БАЛХӢ

СОНЕИ БАЛХӢ     (Соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 10). Муосири устод Рӯдакӣ. Ҷузъиёти аҳволу зиндагии ин шоир маълум нест. Муаллифи «Таърихи Систон» исми ӯро зикр намуда, як рубоиашро, ки ба мунособати забти молу мулк ва асир гирифта шудани Мокон ибни Какӯи Даиламӣ аз тарафи ҳокими Сиистон — Абӯҷаъфар гуфта шудааст, дар асараш сабт кардааст:

Хони ғами ту паст шуда, вайрон бод,

Хони тарабат ҳамеша ободон бод.

Ҳамвора сару кори ту бо некон бод.

Ту мири шаҳиду душманат Мокон бод!

Дар ин рубоӣ исми душмани Абӯҷаъфар — Мокон зикр шудааст, инчунин дар забони арабӣ маънои ин калима нобуд мебошад.

Адабиёт: Ашьори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод. 1958;

А.  Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …