Маълумоти охирин

СОМОНХУДОТ

СОМОНХУДОТ («ҳокими Сомон»; соли таваллуд ва вафот номаълум), саромади сулолаи Сомониён, асосгузор ва ҳокими ноҳияи Сомон. Дар манбаъҳои гуногун ноҳияҳои ҳамноми вилояти Балх, ҳудуди Самарқанд ва Тирмизро Сомон хондаанд.

Сарчашмаҳои хаттӣ аз шахсияти Сомонхудот маълумоти мухталиф медиҳанд. Ибни Мирҳусайни Сарахсӣ дар асари худ «Саъдия» номи Сомонхудотро Аркак оварда, баромади этникни ӯро аз тоҷикон медонад. Ибни Мирҳусайн инчунин менависад, ки Сомонхудот замоне дар Фарғона зиста, дини исломро қабул кард ва ҳокими вилояти Балх таъин шуда, дар наздикии Тирмиз деҳаи Сомонро бунёд кард. Гузаштагони Сомонхудот одамони доро ва номдори Мовароуннаҳри тоисломӣ буда, аслу насаби худро ба давраи Сосониён мансуб медонистанд. Мувофиқи маълумоти муаррих Гардезӣ (асри 11) Сомонхудот аввалҳо ба дини зардуштӣ эътиқод дошта, баъдтар дини исломро қабул кардааст ва аз тарафи ҳокими Хуросон Асад ибни Абдуллоҳи Кушайрӣ (725 —727, 735—7318) пуштибонӣ медидааст. Сомонхудот ба ин муносибат писарашро Асад номид. Набераҳои Сомонхудот ва писарони Асад — Нӯҳ, Аҳмад, Яҳьё ва Илёс дар хизмати халифа шӯҳрат ёфта, ҳокимони як қатор вилоятҳои Мовароуннаҳру Хуросон шуданд ва ба давлати ояндаи Сомониён асос гузоштанд.

Адабиёт: Семёнов А. А., К вопросу о происхождении Саманидов. «Тр. Академия Наук Таджикской ССР», том 27, Сталинабад, 1954.

Н. Н. Негматов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …