Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Сомадева Бҳатта

Сомадева Бҳатта

somadeva

СОМАДЕВА, Сомадевабҳатта (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири ҳинду. Дар нимаи дуюми асри 11 умр ба сар бурдааст. Зодгоҳаш Кашмир. Муаллифи достони мӯҳташами «Катҳасарит-сагара» (Қомуси ривоёт», 1063—83). Сомадева дар танзими ин асар «Бриҳаткатҳа» («Ривояти Кабир»)-и Гунадҳйаро ба асос гирифта буд. Достон 18 қисм, 124 боб ва 21388 байтро дар бар мегирад. Аксар байтҳо дар вазни маъмулии назми санскрит — шлока гуфта шудаанд. Ин асар ба тарзи «қисса андар қисса» мураттаб гардидааст. Достони Сомадева аз ҷиҳати бадеият ва фарогирии масъалаҳои муҳими ахлоқӣ аз дигар ривоятҳои мавҷудаи «Бриҳаткатҳа» бартарӣ дорад. Достон, ки бо забони соддаву дилписанд эҷод шудааст, яке аз беҳтарин намунаҳои назми ривоятии адабиёти асрҳои миёнаи Ҳиндустон ба ҳисоб меравад. Ин асар дар асрҳои 15—16 мавриди таваҷҷӯҳи адибони тоҷикзабони Ҳиндустон қарор гирифта, ду бор ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда буд. Тарҷумаи аввал (нопурра), ки «Баҳр-ул-асмор» ном дорад ва ба унвони асли хеле мувофиқ афтодааст, аз Аҳмади Кашмирист (асри 15). Тарҷумаи дуюм — «Афсонаҳои ҳиндӣ» — мукаммал буда, ба қалами Абдулқодири Бадоюнӣ тааллуқ дорад. Дар ин тарҷума, барои нишон додани тафовути услуб, ҷанд боби тарҷумаи аввал ҳам дохил шудааст. Матни пурраи асари Сомадева ба забони англисӣ ва баъзе қисмҳои он ба забонҳои русӣ, франсавӣ ва немисӣ ба табъ расидааст.

Л. Алимардонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …