«СОЛОНАИ АЙНӢ» конференцияҳои илмие, ки ба муносибати зодрӯзи Садриддин Айнӣ ҳар сол аз тарафи Академияи Фанҳои Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёт ва Комитети Айнии назди Президиуми Академияи Фанҳои Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, аз соли 1958 инҷониб гузаронида мешаванд. Маҷлисҳо ҳар сол-як бор, аксаран дар рӯзи таваллуди С. Айнӣ—15 апрел баргузор мегарданд. Доираи мавзӯоте, ки дар «Солонаи Айнӣ» мавриди муҳокима қарор мегиранд сол то сол вусъат меёбад. Калонтарин маҷлиси «Солонаи Айнӣ» ба шарафи садсолагии зодрӯзи ӯ ороста шуда буд, ки бо қарори ЮНЕСКО 15—21 апрели 1978 дар Душанбе, Москва, Ленинград, Самарқанд, Тошкент, Боку, Ереван, Тбилиси, Ашқобод, Алма-Ато, Фрунзе ва ғайра гузашт. Муҳимтарин маърӯзаву гузоришоти силсилаи «Солонаи Айнӣ» дар китобҳои «Ҷашнномаи Айнӣ» интишор меёбанд.
Tags Конференсияи илмӣ Солона
Инчунин кобед
САФИНА
САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …