Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЛИЕВ Мақсуд

СОЛИЕВ Мақсуд

СОЛИЕВ Мақсуд (1887, деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Хуҷанд — 1968, ҳамоя ҷо), наққоши тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи санъати м (1957). Санъати наққоширо аз падараш Ҳоҷӣ Мирсолеҳ омӯхтазст. Солҳои 1952—57 ҳамроҳи устоҳои халқӣ Очил Фаёзов, Раҳимшайх Раҷабов ва дигарон нақшунигори Қасри маданияти колхози «Москва»-и деҳаи Арбоби ноҳияи Хуҷандро анҷом дода, ба ороиши биноҳои дигад пардохтааст ва ба гурӯҳи наққошони ҷавон сарварӣ намудааст. Солиев беҳтарин анъанаҳои наққошони гузаштаро идома дода, онро бо унсурҳои наву замонавии ороишот ғани гардонидааст. Нақшунигор ва ороиши «Чойхонаи мӯйсафедон» дар Ленинобод (ороиши ду толори калон, долон ва айвони ошёнаи дуюм), чойхонаи деҳаи Шайхбурҳон, як қисми сақфи Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод ва ғайра ба ӯ мансубанд. Солиев дар офаридани нақшҳои ҳандасӣ, мунаббатӣ ва дигар нақшҳои анъанавӣ маҳорати тамом дошта, усулҳои гуногуни нақшуннгор — гиреҳ, ислимӣ, ислимии дубанд, ислимии ишкелак, лоламадохил, ва ғайраро фаровон истифода бурда аст. Лауреати Мукофоти давлатии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ (1964, барои ороишп Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод). Бо медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …