Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОҲИБОВ Шоҳназар

СОҲИБОВ Шоҳназар

СОҲИБОВ Шоҳназар (15. 5. 1903, Бухоро —21. 3.1973, Душанбе), ҳофиз ва бастакори советии тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи Санъати Республикаи Совети Сотсиалистии Узбекистон (1944) ва Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1957). Аз оилаи деҳқон. Дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Бухоро (1921—25) таҳсил кардааст. То соли 1927 дар ин омӯзишгоҳ муаллими суруд ва мусиқӣ буд. Дар Институти мусиқӣ ва хореографии Самарқанд (1928-32) ва дар студияи ӯзбекии Консерваторияи Москва (1935—41) таҳсилро давом дод. Дар тватрҳои драмаи мусиқии Самарқанд (1931— 33) ва Бухоро (1933—35) роҳбари мусиқӣ буд. Роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Ӯзбекистон (1943—45) ва роҳбари мусиқии Авсамбли асбобҳои халқии Комитети радиои Узбекистон (1945—47). Соли 1947 ба Душанбе омад. Роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1947—50), ходими калони илмии Хонаи эҷодиёги халқ (1950—66). (Соҳибов аз соли 1966 роҳбари Ансамбли мақомхонони Комитети давлатии назди Совети Вазирони Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ буд. Соҳибов яке аз ҳофизони шашмақомхони тоҷик буда, бо ҳамроҳии Ф. Шаҳобов ва Б. Файзуллоев оҳангу матни «Шашмақом»-ро ба нота гузаронда, дар нашри асари панҷҷилдаи «Шашмақом» (Москва, 1950— 67) иштирок кардааст. Соҳибов чандин тарона, марш ва сюитаҳои вокалӣ — рақсӣ эҷод кардааст. Машҳуртарин сурудҳояш: «Дар ҳаваси рӯи ту», «Ҷонакам, ман интизорам», «Суруди Ватан», «Дар водии зарнисори колхоз», «Пахтачинон месароянд», «Овози форам», «Ба ёди санъаткор» ва ғайра. Бо ҳамкории А. С. Ленский соли 1948 кантатаи «Шараф ба партияи болшевикон»-ро эҷод кард. Лауреати Мукофоти давлатии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (1972). Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …