Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СОҲИБИХТИЁРӢ

СОҲИБИХТИЁРӢ

СОҲИБИХТИЁРИи давлатӣ, комилҳуқуқӣ ва истиқдоли ҳокимияти давлатӣ, ки дар фаъолияти сиёсии дохилӣ ва берунаи давлат зуҳур меёбад. Истилоҳи «Соҳибихтиёрӣ» дар ҳуқуқи давлатӣ бори аввал дар асри 16 аз тарафи олими франсавӣ Ж. Боден истифода шуд. Ғояи Соҳибихтиёриро (Соҳибихтиёрии халқӣ) буржуазия барои ба тарафи худ кашидани оммаи халқ ба муқобили мутлақият ва тартиботи феодалӣ истифода бурдааст. Соҳибихтиёрӣ вобаста ба моҳияти иҷтимоию синфии ҳокимияти давлатӣ ва сохти иқтисодии ҷамъият дар формацияҳои гуногуни иҷтимоӣ- иқтисодӣ мазмунҳои гуногун дорад. Асоси Соҳибихтиёрии давлати социалистиро ҳукмронии пурраи халқ ташкил медиҳад. Соҳибихтиёрӣ пеш аз ҳама дар тартиби татбиқи вазифаҳои давлат ба амал бароварда шуда, бештар бевосита дар системаи ҳуқуқҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳуқуқи истиқлол зоҳир мешавад.

davlat

Танҳо ҳокимияти давлатб ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсир расонда метавонад ва дар мавридҳои зарурӣ аз чорабиниҳои маҷбурӣ истифода мебарад. Соҳибихтиёрии дохилии ҳокимияти давлатӣ ба мустақилияти берунии он алоқаи мустаҳкам дорад. Соҳибихтиёрии давлат дар муносибатҳои байналхалқӣ мустақилияти онро нишон медиҳад. Дар он давлат ҳамчуи субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ амал мекунад. Сиёсати хориҷии СССР бар истиқлолу баробарии ҳамаи давлатҳо, сарфи назар аз сохти иҷтимоию сиёсии онҳо, тараққиёти иқтисодӣ, вусъати территория, миқдори аҳолӣ ва дигар шароитҳо қарор гирифтааст. Принципи истиқлолу баробарии давлатҳо дар устави ТДМ сабт шудааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …