Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОДИҚОВ Мустафо

СОДИҚОВ Мустафо

СОДИҚОВ Мустафо (тааллудаш 1927, шаҳри Душанбе), ронанда, Қаҳрамони Меҳнат Сотсиалисти (1967), Ронандаи Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1965). Аъзои КПСС аз соли 1969. Солҳои 1945—46 коргари заводи нони № 2, 1946-48 ронандан Автобазаи № 2-и шаҳри Душанбе ва 1948—51 дар сафи Армияи Советӣ буд. Аз соли  1951 ровандан Автобазаи № 1-и шаҳри Душанбе. Содиқов плани ҳафтсолаашро оид ба кашониданн борҳои хоҷагии халқ, пассажир, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра пеш аз мӯҳлат иҷро кардааст. Бо ордени Ленин, медалҳо, Грамотдҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …