Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОЦИАЛИЗМИ ХАЁЛӢ

СОЦИАЛИЗМИ ХАЁЛӢ

СОЦИАЛИЗМИ ХАЁЛӢ, таълимотест дар боби ҷамъияти идеалие, ки моликияти муштарак, меҳнати ҳатмӣ ва тақсимоти маҳсули меҳнатро аз рӯи адолат пояҳои таълимоти худ медонад. Аввалин назарияҳои Сотсиализми  хаёлӣ дар асрҳои 16—17 дар пайвастагии ғоявӣ бо гуманизми асрҳои 15—16 ба вуҷуд омаданд. Вай озод кардани оммаи халқро қатъӣ талаб мекард. Аввалии ақидаҳои Сотсиализми  хаёлӣ дар асари мутафаккири англис Томас Мор «Утопня» баён гардида, дар асари Т. Камланелла «Шаҳри офтобӣ» (1602) инкишоф бфтазнд. Сотсиализми  хаёлӣ ҳамчун таълимоти назариявӣ дар давраи револютсияҳои буржуазӣ як навъ инъикоси талаботи оммаи халқ барои гузаштан аз баробарии сиёсӣ ба баробарии иҷтимоӣ буд. Намояндагони барҷастаи ин давра Ҷ. Уинстэнли, Ж. Мелье, Морелли, Г. Мабли мебошанд. Аввалин бор дар таърихи афкори ҷамъиятӣ доир ба сохтмони амалии социализм дар асоси дигаргунсозии ҷамъияти машҷуда Ҷ. Уинстэнли сухан рондааст. Ж. Мелье дар «Васиятнома»-аш таъкид мекард, ки бе муборизаи революционӣ беадолатию истисморро бартараф кардан мумкин нест. Морелли аввалин шуда принципи ҳар кас мувофиқи қобилият меҳнат карданрб баён кардааст. Дар инкишофи Сотсиализми  хаёлӣ асри 19 мақоми махсус дорад. Баъди ғалабаи револютсияи буржуазӣ дар Англия ва Франция муборизаи синфӣ боз ҳам тезу тунд гардид. Ифодаи онро дар асарҳои мутафаккирони бузурги франсавӣ А. Сеп-Симон, Ш. Фуре ва англис Р. Оуэн дидан мумкин аст. Сотсиализми  хаёлӣ асри 19 ба моҳияти истиморчигии сохти капиталистӣ сарфаҳм нарафта бошад ҳам, қашшоқии модди ва маънавии дунёи буржуазиро фош кардааст. Намояндагони Сотсиализми  хаёлӣ асри 19 зарурияти бо сохти нави ҷамъиятӣ ивазшавии капитализмро табии медонистанд. Ба ақидаи онҳо, сохти буржуазӣ доимӣ набуда, гузаранда мебошад. Ф. Энгельс навишта буд, ки дуруст фаҳмидани муборизаи синфии давраи революцияи Франция «кашфиёти бағоят гениалӣ буд» (Маркс К. и Энгелс Ф., Сочинение, том 19, стр.          194). А. Сен-Симон, Ш. Фуре, Р. Оуэн роҳ ва воситаҳои ҳақиқии озод кардани синфи коргар ва барпо намудани ҷамъияти социалистиро намедонистанд. Сотсиализми  хаёлии асри 19 роҳи революционии сарнагунсозии капитализмро рад карда, қувваи ҳаракатдиҳандаи ҷамъиятро дар прогресси ақл ва ахлоқ медид. Сотсиализми  хаёлӣ асри 19 як қатор тахминҳои гениалиро ба миён гузошт, ки барои коммунизми илмии К. Маркс ва Ф. Энгелс замина шуданд. Қонунияти ихтилоф дар процесси таърихй ва прогресси ҷамъиятӣ, нест кардани тазоди байналмиллали шаҳру қишлоқ ва меҳнати фикрию ҷисмонӣ, табдили меҳнат ба талаботи аввалини одам, тарбияи меҳнатӣ, табдили давлат ба олоти идораи оддии ястеҳсолот ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Дараҷаи олии инкишофи Сотсиализми  хаёлӣ томарксистӣ таълимоти революционер-демократҳои рус А. И. Герцеп, B.Г. Велинский, Н. Г. Чернишевский, Н. А. Добролюбов буд. Бар хилофи Сотсиализми  хаёлии асри 19-и Европаи Ғарбӣ революционер-демократҳои рус тарафдор ва ҷорчии револютсионер деҳқонон буданд. Онҳо ақида доштанд, ки ба дигаргунсозии социалистии ҷамъият фақат оммаи меҳнаткаш манфиатдоранд. Аммо онҳо низ мақоми таърихии синфи коргарро фаҳмида натавониста, «ҷамоаи деҳқони»-ро аввалин шакли социализм мепиндоштанд. Дар айни замон онҳо изҳори ақида намуданд, ки социализм падидаи қонунии таърихи ҷамъият буда, ба муборизаи революционӣ вобаста мебошад. Сотсиализми  хаёлӣ ғалабаи сохти ҷамъиятӣ социалистиро на дар муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии замон, балки дар хираду идрок ва адолат медид. В. И. Ленин ба Сотсиализми  хаёлӣ баҳо дода навишта буд: «Вай на моҳияти ғуломии кирояро дар замони капитализм фаҳмонда метавонист, на қонунҳои тараққиёти онро кашф карда метавонист ва на он қувваи ҷамъиятро ёфта метавонист, ки қобил аст бунёдкунандаи ҷамъияти нав бишавад» (Асар ҷилди 19, саҳифаи 7). Сотсиализми  хаёлӣ муосир ҳамчуи шакли демократизми революционӣ асоси идеологияи бисёр ҳаракатҳои зиддиимпериалистиро ташкил дода, аксар ҷиҳатҳои Сотсиализми  хаёлии асрҳои 18—19-ро такрор мекунад. Бинобар он ба сохти ҷамъияти нав гӯё бе муборизаи синфӣ, бе революсионии социалистӣ ва барқарор намудани ҳокимияти синфи коргар гузаштан мумкин будааст.

Сотсиализми  хаёлии томарксистӣ мақоми прогрессивӣ дошт. Вай ба тамоми асосҳои ҷамъияти истисморчигӣ ҳуҷум оварда, зарурияти ба социалиам иваз шудани онро исбот карданӣ шуда, баъзе ҷиҳатҳои ҷамъияти ояндаи социалистиро дарёфт. Вале танҳо коммунизми илмии К. Маркс ва Ф. Энгелс социализмро ба заминаи воқеӣ гузошта ба синфи коргар ва оммаи меҳнаткашон роҳи дурусти аз ҷамъияти капиталистӣ ба ҷамъияти социалистӣ гузаштанро нишон дод.

Д. Ҷамолов, В. Зайченко.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …