Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОЦИАЛИЗМ

СОЦИАЛИЗМ

socializm

СОЦИАЛИЗМ 1) зинаи аввалини (поёнии) формацияи коммунистӣ.

2) Социализми илмӣ назарияест, ки зарурияти таърихии барқарор шудани Социализм ва роҳҳои тадриҷан ба коммунизм гузаштани онро асоснок мекунад.

Социализм дар патиҷаи бо роҳи революционӣ барҳам додани капитализм ва барпо намудани диктатураи пролетариат ба вуҷуд меояд. Социализм сохти иқтисодию иҷтимоиест, ки воситаҳои истеҳсолотро ҷамъиятӣ мекунад, истисморро барҳам медиҳад ва инкишофи плании истеҳсолотро ба роҳ мемонад. Ғояҳои социалистии утопистӣ дар гузашта васеъ интишор ёфта буданд.

Асосгузорони маркоизм ногузирии таназзули капитализм ва тавлиди Социализмро асоснок намуда, роҳҳои амалӣ гардонидани револютсияи социалистӣ, қонуниятҳои барпо намудани диктатураи пролетариат, усулҳои барҳам задани муносибатҳои тазоди синфӣ ва тағйири куллии муносибатҳои «куҳнаи иқтисодиро нишон додаанд.

В.           И. Ленин таълимоти Маркс ва Энгелсро оид ба Социализм эҷодкорона инкишоф дода муайян намуд, ки дар баробари фароҳам расидани заминаҳои моддии революсияи социалистӣ дар як мамлакат ғалабаи Социализм имконпазир мегардад.

Б. И. Ленин нишон дод, ки Социализм дар инкишофи худ зинаҳои гуногуни тараққиётро аз сар мегузаронад. Дараҷаи пешравии капитализм ҳарчанд баланд бошад ҳам, барпо намудани Социализм вазифаҳои зиёдеро пешниҳод менамояд, ки ҳалли онҳо танҳо дар шароити диктатураи пролетариат имконпазир мегардад. Диктатураи пролетариат муқобилияти синфҳои сарнагуншуда ва иқтидори иқтисодии онҳоро пахш карда, дар асоси миллӣ гардонидани саноати қалон ва барпо намудани сектори социалистии истеҳсолот асоси боэътимоди иқтисодиёти Социализмро ба вуҷуд овард. Муҳимтарин вазифаи иҷтимоию-иқтисодии давраи ба Социализм гузаштан — нест кардани укладҳон гуногуни иқтисодӣ ва табдили социалистии истеҳсолкунандагони майда буд. Ин масъаларо на бо роҳи зӯрӣ, балки ба воситаи татбиқи плани ленинии сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) ҳал кардан мумкин буд.

Тадриҷан пойдор гардидани муносибатҳои социалистии иқтисодӣ дар саноат, коллективонидани деҳқонону буржуазияи майда имконият дод, ки синфҳои истисморкунандаи шаҳру қишлоқ нест карда шаванд.

Дар баробари ин Социализм ҳаёти маънавӣ, идеология ва ҷаҳонбинии кӯҳнаро ба таври революционӣ дигаргун сохта, револютсияи маданӣ гузаронд.

Халқи Мамлакати Советӣ саросар саводнок гардид, маданияту идеологияи социалистӣ ташаккул ёфт, марксизм-ленинизм мазмуни ҳаёти маънавии Социализм гардид. Пойдору мустаҳкамшавии минбаъдаи Социализм ба гузаронидани сиёсати дурусти хоҷагидории планӣ, самаранок истифода бурдани манбаъҳои молию пулӣ, захираҳои меҳнати ва дигар омилҳо вобаста буд. Дар ҳалли ин масъалаҳо худфаъолиятии оммаҳои меҳнаткаш, синфи коргар ва пешоҳанги он Партияи коммунисти роли ҳалкунанда бозиданд. Сохтмони Социализм дар шароити тезу тунди муборизаи синфӣ пещ мерафт.

Дар Программаи КПСС (1961) нишон дода шудааст, ки бо ғалабаи пурра ва қатъии Социализм, дар асоси дигаргуниҳои сохти иҷтимон ва муносибатҳои социалистӣ функцияҳои гуногуни фаъолияти давлат тағйир ёфтанд, барои афзудани ҳуқуқи сиёсӣ ва иҷтимоии гражданинҳо шароити мусоид фароҳам расид, давлати диктатураи пролетариат ба давлати умумихалқии социалистӣ табдил ёфт.

Минбаъд мамлакат ба давраи социализми мутараққӣ дохил шуд. Роли Иттифоқи Советӣ ҳамчун омили тавонои мубориза бар зидди сиёсати империлистии зулму ситам, таҷовуз ва ҷанг, барои сулҳ, демократия ва прогресси социалӣ афзуд.

Дар ин зинаи тараққиёти худ Социализм имкониятҳои бузурги модди ва маънавиро ривоҷ дода, инкишофи комплексӣ, ҳаматарафа ва баробари соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиро таъмин мегардонад; тараққиёти ҳаматарафаи иқтисодиёт, ҳалли масъалаҳои муҳимми иҷтимои, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқ, шароити мӯътадили инкишофи ҳаматарафаи аъзоёни ҷамъиятро таъмин мегардонад. Масъалаҳои фоиданокии истеҳсолоту ҳосилнокии меҳнат, беҳтар гардидани сифати маҳсулот, татбиқи васеи комёбиҳои револютсияи илмӣ-техникӣ ва такмили идоракунии илмии ҷамъият ба проблемаҳои асосии Социализми мутараққи табдил меёбанд.

Дар давраи Социализми мутараққӣ масъалаҳои аз байн бардоштани тафовутҳои иҷтимоию синфи, нашъунамои бемайлону бо ҳам наздикшавии синфҳо, миллату халқиятҳо, равнақи сохти сиёсии ҷамъияти умумихалқии социалисти, мустаҳкам гардидани давлатдории социалистӣ ва ҳаматарафа ривоҷ ёфтани демократияи социалистӣ комилан ҳал мешаванд. Қонуниятҳои иикишофи иқтисодии Социализми мутараққӣ имконияти фаровон пайдо карда, бартарии сохти социалистиро нисбат ба капитализм таъмин мегардонад. Аз ин рӯ, Программаи сеюми КПСС дар таҳрири ҳозирааш программаи такмили пай дар пай ва ҳаматарафаи социалиам, программди дар асоси тезонидани тараққиёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат минбаъд ҳам ба сӯи коммунизм пеш рафтани ҷамъияти советӣ мебошад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …