Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри СОЧИ

Шаҳри СОЧИ

sochi-chi

СОЧИ, шаҳрест дар кишвари Краснодари РСФСР, калонтарин дар СССР курорти балнеологию лойқаги ва иқлимӣ. Дар соҳили баҳри Сиёҳ ва нишебии шохаҳои қаторкуҳҳои Кавкази Калон ба масофаи 150 км тӯл кашидааст. Аҳолиаш 307 ҳазор нафар (1984). Бандари баҳрӣ ва аэропорти калон дорад. Дар курортҳои Сочи касалиҳои дилу раг, аъзои такяю ҳаракат, касалиҳои занона, пӯст, узвҳои нафасгирӣ, асаб ва ғайра муолиҷа карда мешаванд. Сочи зиёда аз 50 санатория, 5 поликлиникаи курортӣ, 7 бинои ваннадор, 82 хонаи истироҳату пансионатҳо дорад. Шаҳр маркази калони туризм буда, дар он 10 базаи туристӣ ва кемпингҳо мавҷуданд. Дар Сочи зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ ҳаст. Соҳаи асосии саноати шаҳр хӯрокворист (комбинатҳои шир, гӯшт, консерв, заводи пиво, фабрикаи паррандапарварӣ ва ғайра). Факултети умумитехникии Институти политехникии Краснодар, техникуми политехникӣ, омӯзишгохи тиббӣ, Институти тадқиқоти илмии боғдорию гулпарварии кӯҳӣ, стансияҳои тадқиқоти илмии таҷрибавии ҷангал, музейҳои кишваршиносӣ, адабию ёдгории Н. Островский ва музеи Мамнӯъгоҳи Кавказ, инчунин деидрарий, цирк ва зали намоишҳо дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …