Маълумоти охирин

СКУНХА

skunkha

СКУНХА (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), пешвои «скифҳои кулоҳборик» — қабилаҳои бодиянишине, ки дар қисми шарқии баҳри Каспий ва наздикии баҳри Арал зиндагӣ мекарданд. Мувофиқи маълумоти катибаи Бесутун Дорои I соли 519 то милод ба қӯшуни Скунха ҳуҷум оварда, ӯро асир гирифт ва шахси дигарро пешвои скифҳо таъин намуд. Скунха бо кулоҳи борикаш дар байни душманони дигари Дорои I дар кӯҳи Бесутун тасвир шудааст.                                                                                        И. Пянков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …