Маълумоти охирин
Главная / Биология / СКЛЕРОДЕРМИЯ

СКЛЕРОДЕРМИЯ

sklerodermiya

СКЛЕРОДЕРМИЯ (аз склеро… ва дерма), дағалпӯстӣ, дуруштпӯстӣ, як навъ бемории одам аз гурӯҳи коллагенозҳо. Ҳангоми Склеродермия бофтаҳои пайвасткунаидаи пӯст ва узвҳои дохилӣ сахту дағал мешаванд. Склеродермия маҳдуд, мунташир (лаҳншуда) ва системавӣ мешавад. Склеродермияи  маҳдуд пулакчавӣ, тасмашакл ва сатҳӣ шуда метавонад. Ҳангоми Склеродермияи маҳдуди пулакчавӣ дар қисмҳои гуногуни пӯст доғҳои ҷоғарии гирда ё байзашакли андозаашон ҳархела пайдо мешаванд; пӯст зарди мумшакл ва ҳамвор шуда, мӯяш мерезад. Баъди якчанд моҳ ё сол ҷои иллатноки пӯст хароб мешавад. Склеродермияи махдуди тасмашакл бештар дар рӯй ё дасту пои кӯдакон пайдо мешавад. Ба Склеродермияи маҳдуди сатҳӣ аксаран занҳо дучор гардида, ҳангоми он дар тахтапушт, сина ва узвҳои ҷинсии онҳо доғчаҳои сафеди ҷилонок ба вуҷуд меоянд, ки баъдтар дар ҷои онҳо зумури сатҳии пӯст рӯй медиҳад. Ҳаигоми Склеродермияи мунташир рӯй, дасту пой ва бадан сахт варам мекунад. Рӯй ниқобмонанд, ангуштони беҳаракати нимқат (склеродактилия) ба чанголи паррандагон монанд мешаванд. Ба Склеродермияии системавӣ бештар занҳои миёнсол гирифтор мешаванд. Беморӣ тадриҷан бо рагкашии дасту пойҳо, карахтшавӣ, дард кардани буғумҳо, ихтилоли пӯст ва ғайра сар мешавад. Шамолхӯрии доимӣ, осеби ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, тоб наовардан ба дору ва ғайра боиси беморӣ мегардад.

  Муолиҷа: бартараф кардани омилҳои ангезандаи беморӣ, корти- костероидҳо, доруҳои рагвасеъкунанда, физиотерапия, ва ғайра Склеродермияи музминро дар курорту санаторияҳо (Сочи, Пятигорск, Евпатория ва ғайра) муолиҷа мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …