Маълумоти охирин
Главная / Биология / СКЛЕРОДЕРМИЯ

СКЛЕРОДЕРМИЯ

sklerodermiya

СКЛЕРОДЕРМИЯ (аз склеро… ва дерма), дагалпусти, дуруштпусти, як навъ бемории одам аз гурухи коллагенозхо. Хангоми Склеродермия бофтахои пайвасткунаидаи пуст ва узвхои дохили сахту дагал мешаванд. Склеродермия махдуд, мунташир (лахншуда) ва системави мешавад. Склеродермияи  махдуд пулакчави, тасмашакл ва сатхи шуда метавонад. Хангоми Склеродермияи махдуди пулакчави дар кисмхои гуногуни пуст догхои чогарии гирда ё байзашакли андозаашон хархела пайдо мешаванд; пуст зарди мумшакл ва хамвор шуда, муяш мерезад. Баъди якчанд мох ё сол чои иллатноки пуст хароб мешавад. Склеродермияи махдуди тасмашакл бештар дар руй ё дасту пои кудакон пайдо мешавад. Ба Склеродермияи махдуди сатхи аксаран занхо дучор гардида, хангоми он дар тахтапушт, сина ва узвхои чинсии онхо догчахои сафеди чилонок ба вучуд меоянд, ки баъдтар дар чои онхо зумури сатхии пуст руй медихад. Хаигоми Склеродермияи мунташир руй, дасту пой ва бадан сахт варам мекунад. Руй никобмонанд, ангуштони бехаракати нимкат (склеродактилия) ба чанголи паррандагон монанд мешаванд. Ба Склеродермияии системави бештар занхои миёнсол гирифтор мешаванд. Бемори тадричан бо рагкашии дасту пойхо, карахтшави, дард кардани бугумхо, ихтилоли пуст ва гайра сар мешавад. Шамолхурии доими, осеби чисмони ва рухи, тоб наовардан ба дору ва гайра боиси бемори мегардад.

  Муолича: бартараф кардани омилхои ангезандаи бемори, корти- костероидхо, дорухои рагвасеъкунанда, физиотерапия, ва гайра Склеродермияи музминро дар курорту санаторияхо (Сочи, Пятигорск, Евпатория ва гайра) муолича мекунанд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …