Маълумоти охирин

СИТОР

sitor

СИТОР, асбоби тории мусиқиест, ки дар Ҳиндустон маъмул аст. Ситорро бо нохун чинда-чинда менавозанд. Дастааш нисбат ба сато (сетор) ғафстар аст. 18—20 парда дорад. Ситор чор тори асосӣ дорад ва аз паҳлӯи дастааш 15 тори иловагӣ барои резонасия (пурқувваткунии садо) кашида шудааст. Косааш себшакли дарунхолист. Сарпӯши косааш тахтачаи суфта аст. Дар охири дастааш дар назди гӯшакҳо косачаи ҳандалакмонанди бесарпӯшак ҳаст, ки вазифаи резонаторро дорад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …