СИСТЕМОТЕХНИКА, равияи илмию техникиест, ки масъалаҳои лоиҳакашӣ, сохтану санҷиш ва истифодабарии системаҳои мураккабро дар бар мегирад. Ҳангоми коркарди системаҳои мураккаб масъалаҳое ба миён меоянд, ки на танҳо ба хосиятҳои қисмҳои таркибии он, балки ба қонуниятҳои амалиёти объект дахл доралд. Масалан, муайян кардани структураи умумии система, ташкили амали байниякдигарии таҳсистемаю элементҳо, таъсири муҳити беруна ба кори система, интихоби режими оптималии функсиониронӣ, идораи оптималии система ва ғайра аз қабили ҳамин гуна масъалаҳоянд.
Системотехника асосан ба назарияи системаҳои мураккаб такя намуда, барои ҳалли масъалаҳои худ комёбиҳои мантиқу тгатистикаи математикӣ, комбинаторика, программасозии хаттӣ, моделонӣ, назарияҳои алгоритмҳо, хизматрасонии оммавӣ, информатсия ва ғайраро истифода мебарад.
Т. Ҷӯраев.