Маълумоти охирин

СИРОТ

СИРОТ (арабӣ — роҳ, тариқ), сиротулмустақим, Пули Сирот, бино ба таълимоти дини ислом пулест миёни биҳишту дӯзах. Рӯзи қиёмат бояд ҳамаи бандагони Худо аз рӯи ин пул гузаранд. Онҳое, ки савобкор ва бегуноҳанд, аз рӯи пули аз мӯй ва аз дами шамшер ҳам бориктар мегузаранд ва ба биҳишт мераванд, бандаҳои осӣ бошанд, ба чоҳи ҳафтабақаи ҷаҳаннам меафтанд. Муаллифи «Дастур-ул- уламо» овардааст, ки аз Сирот баъзеҳо монанди барқ, баъзеҳо монанди бод ва баъзеҳо монанди аспи бодпо гузашта мераванд; пои гунаҳкорон бошад аз он лағжида ба ҷаҳаннам саровер мешаванд. Дар ҳадис омадааст, ки касе садақаи нек кунад. аз Сирот гузашта метавонад. Ҳамин хел рӯҳониён таълимоти диниро ба фоидаи худ истифода мебурданд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …