Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИРОҶИДДИНОВ Саъдӣ Ҳасанович

СИРОҶИДДИНОВ Саъдӣ Ҳасанович

СИРОҶИДДИНОВ Саъдӣ Ҳасанович (тав. 10. 05. 1920, Конибодом), математики советӣ, доктори илмҳои физика ва математика (1953) профессор (1956). Академики Академияи Фанҳои Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон (1966; аъзо-корреспондент 1956), Ходими Хизматнишондодаи Илми Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон (1971). Аъзои КПСС аз соли 1952. Факултети физикаю математикаи Университети давлатии Осиёи Миёна (САГУ)-ро хатм намудааст (1942). Солҳои 1942—45 дар сафи Армияи Советӣ хизмат кард.

Дар Москва таҳти роҳбарии А. Н. Колмогоров дар докторантура таҳсил кардааст (1949 —53). Ходими калони илмии Университети давлатии Москва (1953—56). Аз соли 1956 профессорт САГУ (аз соли 1958 мудири кафедраи математикаи статистикӣ ва назарияи эҳтимолият). Директори Институти математикаи ба номи В. И. Романовскии Академияи Фанҳои Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон (1957—67). Ректори Университети давлатии Тошкент (1966—1970 ва аз соли 1983). Ноиб-президенти Академияи Фанҳои Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон (1970—1983). Асарҳои Сироҷиддинов асосан ба назарияи эҳтимолият: хосияти бисёрузваҳои классикӣ, ҷудокунии асимптотӣ, теорамаҳои ҳудудӣ, назарияи хизмати оммавӣ, назарияи просессҳои статсионарӣ ва ғайра оиданд. Аъзои ҳақиқии Ҷамъияти байналхалқии назарияи эҳтимолият ва статистикаи математикии ба номи Бернулли (Голландия, 1966). Лауреати Мукофоти давлатии РСС Ӯзбекистон ба номи Берунӣ 1973. Узел ҳайати асосии таҳририяи Энсиклопедияи Советии Ӯзбек (1968). Бо ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …