Маълумоти охирин

СИР

СИР, эмал (аз франсавӣ email — гудохтан), 1) рӯйкаши шишамонанди мустаҳкамест, ки бо он рӯи масолеҳи металлиро мепӯшонанд. Таркиби қариб ҳамаи Сирҳо аз SiO2,  оксидҳои металлҳои ишқорию ишқорзаминӣ, сурб, руҳ, баъзе фторидҳо ва ғайра иборат аст. Барои тайëр кардани Сир омехтаи шпати даштӣ, рег ë кварс, шпати гудозӣ (флюорит), танакор, кислотаи борат, сода, селитра, криолит ва ғайраро дар ҳарорати 1150— 1550°С дар хумдонҳо гудохта, барои дона-дона шудан ба об мерезанд. Донаҳои ҳосилшударо бо обу хок ва материалҳои диг. якҷоя майда карда, суспензияи устувор ҳосил мекунанд. Баъд онро ба рӯи масолеҳи металлӣ (масалан, чӯяну пулод) молида мехушконанд ва дар ҳарорати 500—1400 0С (вобаста ба металле, ки бо он Сир медавонанд) мепананд.

Сири ороишӣ (финифт) барои оро додани предметҳо, сохтани суратҳои нозук ва ғайра истифода мешавад. Хелҳои гуногуни Сирҳои ороишӣ маълуманд. Пайдоишн онҳо таърихи дуру дарозе дорад. Қадимтарин Сире, ки то давраи мо расидааст, ороишоти тиллогини Мисри Қадим мебошад. Минбаъд санъати тайёр кардани Сир дар дигар мамлакатҳо низ тараққӣ кард. Дар ҳудуди СССР дар худи асрҳои 3—5 Сирро тайëр мекарданд. Сирҳои аз ҳама машҳур Сирҳои византӣ, гурҷӣ, русӣ, японӣ, франсавӣ ва ғайра мебошанд. 2) Хосидаи ҳуҷайраҳои эпителиалиест (Сири дандон), ки рӯи дандонро мепӯшад. Смри дандон дандонро аз хурда шудан ва осеб дидан муҳофизат мекунад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …